Санаи 20-уми июни соли 2022 чорабинии муштараки фарҳангию фароғати ва варзишии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти унвони “Корвони зиддимухаддиротӣ – 2022” зери шиори “Ҷавонон зидди маводи нашъаовар” дар Театри давлатии шаҳри Бохтар баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияти вилояти Хатлон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ташкилоту муасиссаҳои гуногун, варзишгарон ва ҷавонону наврасон иштирок намуданд.
Муовини раиси вилояти Хатлон бо сухани ифтитоҳи ба барнома ҳусни оғоз бахшида, аз номи раиси вилоят ба ташкилкунандагони чунин як чорабинӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки баргузории чунин чорабинии хусусияти пешгирикунанда муҳим ва саривақтӣ буда, бори дигар барои насли наврасу ҷавон фаҳмонидани оқибатҳои фоҷиабори нашъамандӣ ва даст задан ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷалби онҳо ба касбу донишомӯзӣ, шуғл ба варзиш ва интихоби тарзи ҳаёти солим аз манфиат дур нест.
Дар навбати худ намояндаи Агентӣ ба сухан баромада, нашъамандиро бемории марговар ва мудҳиши ҷомеа арзёбӣ намуд, иброз гашт, ки дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои марбута фаъолият карда, барои коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ тамоми тадбирҳоро истифода бурда, ҷомеаи шаҳрвандиро аз хавфи нашъамандию нашъаҷаллобӣ муҳофизат намоянд.
Тибқи нақшаи чорабинӣ даври ниҳоии мусобиқаҳои варзишӣ оид ба волейбол байни ҷавонону наврасони муассисаҳои таҳсилотии шаҳри Бохтар ҷамъбаст гардида, ғолибони он муайян гаштанд.
Дар мусобиқаи мазкур байни писарон ҷойи аввалро Литсейи тамоюли технологии ш. Бохтар ҷойи дуюмро Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 ва зинаи сеюмро Литсейи давлатии №1 соҳиб гардиданд, миёни дастаҳои духтарона бошад, ҷойи якумро Коллеҷи тиббии ш. Бохтар, ҷойи дуюмро Коллеҷи тиббии иҷтимоии ш. Бохтар ва ҷойи сеюмро Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ба номи М.Турсунзода ишғол намуданд.
Ба ғолибони мусобиқа мукофотҳои омоданамудаи ташкилкунандагони чорабинӣ аз қабили Ҷом, медалу ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои арзишнок тақдим карда шуданд.
Дар қисмати фарҳангию фароғатии чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишномаи тарбиявӣ дар самти пешгирии нашъамандӣ бо номи “Модар маро бубахш” манзури тамошобинон гардида, бахши фарҳангии шаҳр бо пешниҳоди суруду таронаҳо хотири ҷамъомадагонро шод намуданд.
Бояд қайд намуд, ки чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ бахшида ба 26 июн -Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди сӯиистеъмоли маводи нашъадор ва муомилоти ғайриқонунии он таҳти унвони “Корвони зиддимухаддиротӣ – 2022” зери шиори “Ҷавонон зидди маводи нашъаовар” дар 6 шаҳри кишварамон баргузор мегардад.