Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

“Корвони зиддимухаддиротӣ – 2022” ба шаҳри Турсунзода расид

Санаи 21-юми июни соли равон “Корвони зиддимухаддиротӣ – 2022” кори худро дар шаҳри Турсунзода идома дод.

Чорабинии мазкур зери шиори “Ҷавонон зидди маводи нашъаовар”дар толори Ҳукумати шаҳри Турсунзода бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Турсунзода баргузор гардид.

Бояд зикр намуд, ки мақсади баргузории чунин як чорабинӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалишавии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” сарчашма гирифта, ба роҳандозӣ намудани тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ, равона гардидааст.

Дар чорабинӣ намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш  баромад намуда, қайд карданд, ки мақсади баргузории чорабинии муштарак дар мубориза ва пешгирии нашъамандӣ, ҷалби таваҷҷӯҳи калонсолон ва аҳли ҷомеа ба таълиму тарбияи ҷавонону насли наврас, шуғл ба варзишу интихоби тарзи ҳаёти солим иборат мебошад. Он ҳадафҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар баҳри коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ ва мубориза бо гардиши ғайри қонунии маводи мухаддир равона шудааст, бояд дар амал роҳандозӣ карда шаванд.
Дар доираи чорабинии зиддинашъамандӣ, ки тайи ду рӯз мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд байни ҷавонону наврасони муассисаҳои таълимии шаҳри Турсунзода гузаронида шуда буд, ҷамъбаст гардид.

Дар ин сабқат дастаи ҷавонони футболбози Муассисаи таълимии миёнаи умумии №55 ҷойи аввал, Муассисаи таълимии миёнаи умумии №71 ҷойҳои дуюм ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Ба ғолибони мусобиқа аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ туҳфаҳои арзишнок супорида шуд.
Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишномаи тарбиявӣ дар самти пешгирии нашъамандӣ бо номи “Модар маро бубахш” манзури тамошобинон гардид.