“Корвони зиддимухаддиротӣ-2022” кори худро тибқи нақшаи чорабинии зиддинашъамандӣ дар чанд шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зери шиори “Ҷавонон зидди маводи нашъаовар” идома дода, санаи 22 июни соли 2022 ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд расид.
Баргузории чорабинӣ дар Кохи фарҳанги Суғдиён доир гардид, ки дар он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маориф, тандурустӣ, варзишгарон, ҷавонони фаъоли шаҳр ва дигар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Чорабинии мазкурро муовини раиси вилояти Суғд ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз номи роҳбарияти вилоят ба ташкилкунандагони он изҳори сипосу миннадорӣ намуд. Қайд карда шуд, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим тамоми тадбирҳои мушаххасу мақсаднок амалӣ шуда истодааст.
Дар ин раванд, аз ҷонибӣ намояндагони Агентӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш зикр гардид, ки ҷомеа бояд дар пешгирӣ ва мубориза ба нашъмандӣ бетараф набошад ва барои коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ тамоми тадбирҳоро амали намуда, насли наврасро ба варзишу интихоби тарзи ҳаёти солим роҳандозӣ намоянд.
Инчунин, дар доираи чорабинӣ даври ниҳоии мусобиқаи варзишӣ оид ба тенниси рӯи миз байни муассисаҳои варзишии вилоят ҷамъбаст гардида, ғолибони он муайян карда шуданд.
Дар мусобиқаи мазкур байни дастаҳои писарона ҷойи аввалро мактаби варзишии шаҳри Хуҷанд, ҷойи дуюмро мактаби варзишии вилояти Суғд ва ҷойи сеюмро мактабии варзишии ноҳияи Спитамен соҳиб гардида, аз дастаҳои духтарона бошад, ҷойи аввалро мактаби варзишии вилояти Суғд, ҷойи дуюмро мактаби варзишии ноҳияи Спитамен ва зинаи сеюмро мактабии варзишии шаҳри Гулистон ишғол намуданд. Ғолибони мусобиқа соҳиби мукофот ва туҳфаҳои арзишнок гардидаанд.
Дар қисмати фарҳангию фароғатии чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишномаи тарбиявӣ дар самти пешгирии нашъамандӣ бо номи “Модар маро бубахш” манзури тамошобинон гардида, барномаи консертии омода намудаи бахши фарҳангии шаҳри Хуҷанд анҷоми чорабиниро хотирмон намуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки чорабинии ҷамъбасти “Корвони зиддимухадиротӣ – 2022” санаи 25-уми июни соли равон дар шаҳри Душанбе, дар “ Майдони 800-солагии Москва” баргузор мегардад.