Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Таҷлили чорабинии тантанавӣ бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

24 июни соли 2022 бахшида ба 25 -умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабинии тантанавиро Директори Агентӣ, генерал – майори адлия  Ҳабибулло Воҳидзода ифтитоҳ намуда, ҳайати шахсии Агентиро бо фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик намуданд. Ҳангоми суханронӣ Директори Агентӣ таъкид намуданд, ки дар таърихи ҳар як халқу давлат санаҳое мавҷуданд, ки онҳоро бешакку шубҳа санаҳои сарнавиштсоз номидан мумкин аст. Қабули Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои беназире мебошад, ки Ватани маҳбуби моро ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил гардонид ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.

Зикр карда шуд, Ваҳдати миллӣ, ки маҳз бо шарофати талошҳои қаҳрамононаи фарзанди баруманди миллати тоҷик, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба даст омад, ба мардуми тоҷик қувваю тавоноӣ бахшида, барои таҳкими суботу оромӣ, ташаккули ғояҳои инсондӯстона ва фарҳангӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, рушди муназзам ва устувори соҳаҳои ҳаётии мамлакат шароити заруриро фароҳам овард.

Ин падидаи беназири даврони Истиқлолият, ҳамчун муқаддастарину азизтарин неъмат, тантанаи адолат, рамзи саодат ва шинохти асолати таърихии миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва пойдориву бақои давлат маҳсуб ёфта, дар сиришти миллати тоҷик ғояҳои ватандӯстӣ ва ҳадафҳои наҷиби созандагиро барои ояндаи неку дурахшон тақвият бахшид.

Дар рафти баромади худ кормандони Агентӣ оид ба моҳияти Ваҳдат ва амну суботи миллӣ, муттаҳидию ягонагии мардуми заҳматкашу хирадманд, фидокору ватандӯсти миллати тоҷик изҳори назар намуда, дар ин мавзуъ шеърҳо низ қирот карданд.