Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Мусодираи 13 килограмм “ҳашиш”

Имрӯз дар кишвари мо оид ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ки яке аз проблемаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, тамоми заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкилӣ фароҳам оварда шудааст.

Ошкор ва мусодираи боз як ҳолати интиқол ва фурӯши маводи нашъаовар далели натиҷа ва кӯшишҳои пайгиронаи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Чунончи, моҳи июни соли ҷорӣ, кормандони Агентӣ дар натиҷаи баргузории як амалиёти бобарор гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаеро, ки дар қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар даст доштанд, дастгир намуданд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ шаҳрвандон Меликов Анис ва Исмоилов Муҳаммад, ки бо хариду фуруши ғайриқонунии маводи нашъаовар машғул буданд, дастгир гардиданд.

Муайян карда шуд, ки номбурдагон маводи нашъаоварро аз шаҳрванд Саидов Аҳлуддин ба даст овардаанд.

Дар идомаи амалиёт шаҳрванд Саидов Аҳлуддин дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карда шуда, ҳангоми азназаргузаронии манзили иҷоравиаш, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ, 5 кг 907,2 грамм воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” ва 0,2297 грамм  моддаи психотропии навъи “метамфетамин” дарёфт ва мусодира карда шуд.

Номбурда бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Юсупов Акрамҷон ва шаҳрванди Афғонистон Сабед Ҷафар ба хариду фурӯш ва интиқоли маводи нашъаовар  даст задааст.

Санаи 25 июни соли 2022, дар идомаи чорабиниҳои оперативӣ, шаҳванд Муҳаббатов Бахтиёр, бо гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир гардид, ки аз хонаи ӯ 557,7 грамм воситаи нашъадори навъи “ҳашиш”, дарёфт ва мусодира гардид.

Маълум карда шуд, ки шаҳрванд Муҳаббатов Бахтиёр ин воситаи нашъадорро аз Юсупов Акрамҷон гирифтааст.

Ҳамин тариқ бо гузаронидани  чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Юсупов Акрамҷон низ дастгир карда шуда, аз зери боми манзили иҷоравии ӯ воқеъ дар суроғаи деҳаи Мағов, ҷамоати Ромит, шаҳри Ваҳдат,  5 кг 940 гр воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” ёфта гирифта шуд.

Муайян гардид, ки шаҳрванд Юсупов Акрам ин миқдор воситаҳои нашъадорро аз шаҳрванд Саидов Аҳлуддин ва  шаҳрванд Саидов Аҳлуддин бошад, дар асоси маслиҳати пешакӣ якҷо бо Исмоилов Муҳаммад тавассути шаҳрванди Афғонистон Сабед Ҷафар дар ҳудуди ноҳияи Фархори вилояти Хатлон аз шаҳрванди Афғонистон шахси ба тафтишот номаълум бо номи “Сироҷ” воситаҳои нашъадори мазкурро дастрас намудаанд.

Дар натиҷа аз ҷониби кормандони Агентӣ дере нагузашта шаҳрванди Афғонистон Сабет Ҷафар дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат дастгир карда шуд.

Ҳамин тариқ, дар 5 ҳолат аз шахсони дастгиршуда 12 кг 588 гр воситаи нашъадори навъи “ҳашиш”  0, 22 97 гр, моддаи психотропии навъи “метамфетамин”  ва як адад силоҳи шикории ТОЗ-8 бо чор дона тир дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Оид ба ҳолатҳои мазкур нисбати номбурдагон Меликов Анис Ҷамшедович бо қисми 1 моддаи 200 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбати Муҳаббатов Бахтиёр Ғозибекович бо қисми 3 моддаи 200 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбати Исмоилов Муҳаммад Азамҷонович, Саидов Ахлуддин Нурудинович, Юсупов Акрамҷон, шаҳрванди Афғонистон Сабет Ҷафар ва шахси  ба тафтишот номаълум бо номи “Сироҷ” бо банди “д” қисми 4 моддаи 200 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.