Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди асосии Неругоҳи барқи обии “Роғун”

12.07.2022 09:38, шаҳри Роғун

12 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди асосии Неругоҳи барқи обии “Роғун” шинос шуданд.

Ҳаҷми коркард, тахту ҳамворкунӣ ва кандану кашонидани маводи мухталиф ҳангоми тоза намудани паҳлуҳои чапу рост ва таҳкурсии ядрои сарбанди Неругоҳи барқи обии “Роғун” то имрӯз 2,6 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.

Хобонидани бетони ҳамворкунандаи тамғаи М300 аз сатҳи 960 метр мувофиқи релефи маҳал оғоз гардида, дар ҳаҷми 8000 метри мукааб хобонида шудааст.

Баъди ба анҷом расонидани корҳои бетони ҳамворкунанда, хобонидани бетони кӯбида барои таҳкурсии ядрои сарбанд оғоз меёбад.

Дарозии таҳкурсии асосӣ аз бетони кӯбида 172 метр, паҳноияш 133 метрро ташкил дода аз 8 қисм иборат аст.

Паҳноии қисмҳо аз 20 то 25 метр ва баландии бетони кӯбида 27 метрро ташкил хоҳад дод.

Паҳноии ядро дар сатҳи 1300 метр ба 20 метр ва дар сатҳи 961 ба 172 метр баробар аст.

Дарозии шонаи ядро дар сатҳи 1300 ба 750 метр ва дар сатҳи 961 70 метр мебошад.

Маводи истифодашавандаи ядрои асосӣ гилхоки сангрезадор буда, тибқи лоиҳа 7,4 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.

Дар иншооти мазкур корҳои сохтмону васлгариро коргарону мутахассисони ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” идома дода истодаанд.

То имрӯз корҳои сангу шағалхобонӣ дар сарбанд ба 1125 метр аз сатҳи баҳр расидааст.

Дар сарбанди неругоҳ маводи зиддиполоишии геомембрана аз сатҳи 1000 метр то сатҳи 1080 метр дар масоҳати 66 ҳазор метри мураббаъ хобонида шудааст.

Барои кашонидан ва қабат ба қабат хобондани маводи сарбанд коргарону мутахассисон аз мошину таҷҳизоти гаронвазни боркаш, булдозерҳо, экскаваторҳо ва дигар механизмҳои зарурӣ истифода намуда, кор дар иншооти мазкур шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳаҷми умумии корҳои хобонидаи сангу шағал дар сарбанди асосӣ то имрӯз 16,7 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, корҳои заминӣ 2 миллиону 195 ҳазору 800 метри мукааб, хобонидани сангу шағал 14 миллиону 367 ҳазору 243 метри мукааб, хобонидани санг 2 миллиону 128 ҳазору 755 метри мукааб ва хобонидани филтр 211 ҳазору 201 метри мукааб.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба масъулон дастур доданд, ки ба сифати корҳо диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Айни ҳол оби обанбор дар нишонии 1070 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад.

Андозаи болоии нигоҳдории об баъди обгирии пурраи обанбор 1 ҳазору 290 метр аз сатҳи баҳр хоҳад буд.

Ҳаҷми хобонидани маводи сарбанд 80 миллион метри мукааб ва масоҳати обанбор ба 170 километри мураббаъ мерасад.

Корҳои сохтмониро дар сарбанди неругоҳ ширкатҳои ватанию хориҷӣ бо ҷалби коргарону мутахассисони дорои таҷрибаи баланди тахассусӣ иҷро менамоянд.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргарону мутахассисон шабонарӯзӣ фаъолияти босамар намуда, барои иҷрои босифати корҳо аз ҳамаи имконоти мавҷуда истифода мебаранд.