Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрии Директори Агентӣ бо Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ

03 августи соли ҷорӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Директори Агентӣ генерал – майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода бо ҳайати  Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай таҳти роҳбарии Директори Кумитаи иҷроияи он Руслан Мирзаев баргузор гардид.

Дар оғози вохӯрӣ Директори Агентӣ меҳмононро хайра мақдам гуфта, сипас  Руслан Мирзаевро ба муносибати таъйин шуданаш ба вазифаи Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ табрик намуданд.

Директори Агентӣ ҳайати меҳмононро бо сиёсати зиддимухаддиротӣ, аз ҷумла ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи маводи нашъаовар дар ҷумҳурӣ ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти мусодираи маводи нашъаовар шинос намуд. Инчунин, доир ба фаъолияти Агентӣ дар самти мусодираи маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ, сохтор, мақсаду вазифаҳои он презентатсияи алоҳида нишон дода шуд.

Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Мирзаев Р. зимни суханронӣ нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи наъаовар дар минтақа муҳим арзёбӣ намуда, таъкид намуданд, ки саҳми Агентӣ дар раванди ин мубориза пурсамар ва ҳадафрас мебошад. Инчунин, ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар шаҳри Душанберо муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо самтҳои ҳамкории мутақобиларо дар доираи ваколатҳои идоравӣ баррасӣ намуда, омодагии худро барои амалӣ намудани онҳо изҳор намуданд.