Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022

Санаи 5 уми августи соли ҷорӣ дар бинои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор карда шуд.

Нишасти матбуотиро Директори Агентӣ, генерал – майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода оғоз намуда, ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ, ҳамзамон оид ба иҷрои як қатор корҳо дар нимсолаи якуми соли 2022 маълумот манзур намуд.

Дар рафти суханронии худ, Директори Агентӣ аз ҳадафҳои асосии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2021-2025 ёдовар гардид.

Зимни баромади худ Директори Агентӣ қайд намуд, ки мутобиқи маълумоҳои оморӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12482 ҷиноятҳои умумӣ (2021-13878) ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 384 (2021-446) ҷиноят вобаста ба маводи нашъадор мебошад, ки дар муқоиса бо соли 2021 62 ҷиноят ё 13,9 дарсад кам ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамин тавр, аз шумораи умумии ҷиноятҳои дар ҷумҳурӣ бақайд гирифташуда 3,1 дарсадро ҷиноятҳои мухаддиротӣ ташкил медиҳанд.

Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аз моҳи августи соли 2021, яъне баъди ба сари қудрат омадани ҳаракати “Толибон” то моҳи июли соли равон, дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз се тонна маводи нашъаовар мусодира карда шудааст. Ҳол он, ки дар тамоми давраи соли 2020 ҳаҷми мусодираи маводи нашъаовар дар ин ноҳияҳои наздисарҳадӣ ҳамагӣ 1 т 185 кг-ро  ташкил медод.

Ҳамин тариқ, дар 6 моҳи соли ҷорӣ, дар ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 т 578 кг 145 гр маводи нашъаовар мусодира карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 (1 т 695 кг 645 гр)  52,0 дарсад ё 882 кг 500 гр зиёд мебошад, аз ҷумла: Вазорати корҳои дохилӣ – 1 т 8 кг 515 гр (2021 – 819 кг 199 гр), Кумитаи давлатии амнияти миллӣ – 1 т 289 кг 588 гр (2021 – 662 кг 646 гр), Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия – 4 кг 447 гр (2021 – 11 кг 731 гр) ва Хадамоти гумрук  – 23 кг 766 гр (2021 – 1 кг 121 гр).

Дар нимсолаи якуми соли 2022 аз ҷониби Агентӣ 82 (с.2021-104) ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар ошкор карда шудааст.

Дар ин давра муфаттишони Агентӣ 155 (2021-200) парвандаи ҷиноятиро ба пешбурд қабул намуда, 111 (2021-162) парвандаи ҷиноятӣ дар соли ҷорӣ оғоз кадаанд. Аз ҷониби Агентӣ дар давраи мазкур 60 (2021-84) парвандаи ҷиноятӣ нисбати 87 (2021-128) нафар ба судҳо ирсол гардида, ба ин васила ба молу мулки ҷинояткорон ба маблағи 901 ҳазору 70 сомонӣ ҳабс гузошта шудааст.

Ҳамчунин, 161 (2021-187) ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор ва дар ин робита 166 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд, ки дар натиҷа аз онҳо 125 ҳазору 748 сомонӣ ба буҷети давлат ҷарима ситонида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Агентӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 251 кг 829 гр (2021-200 кг 593 гр) маводи нашъаовар мусодира гардид, ки дар маҷмӯъ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 – 51 кг 236 гр ё 25,5 дарсад зиёд мебошад.

Ҳамчунин, Агентӣ фаъолияти 26 (с.2021-28) гурӯҳи ҷиноятиро дар ҳайати 47 (2021-64) нафар ошкор ва 3 ГМҶ дар ҳайати 6 нафар дастгир карда шуд.

Маврид ба таъкид аст, ки миқдори маводи нашъаовари дар ҳамин нимсола мусодиранамудаи Агентӣ аз миқдори умумии дар тамоми соли 2020 (183 кг 230 гр.) мусодирашуда 68 кг 599 гр ё 37,4 дарсад зиёд мебошад.

Бо мақсади таъмини риояи қоидаҳои муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, аз ҷониби кормандони Агентӣ дар дорухона ва муассисаҳои табобатӣ-профилактикӣ 32 (2021-41) санҷиш гузаронида, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ошкоргардида чораандешӣ карда шудааст.

Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш, пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ, инчунин баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба зарари маводи мухаддир ва ҳамчунин бахшида ба 26 июн – Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди сӯиистеъмоли маводи нашъадор ва муомилоти ғайриқонунии он, бо ташаббуси Агентӣ аз 15 то 25 июни соли 2022 чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ таҳти унвони “Корвони зиддимухаддиротӣ – 2022” дар шаҳрҳои Хоруғ, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд, Турсунзода ва Душанбе доир карда шуд, ки дар он доираи васеи қишрҳои мухталифи аҳолӣ иштирок намуданд.

Ҳамчунин дар давраи мазкур аз ҷониби Агентӣ 172 вохӯрию мулоқот, 10 семинари омӯзишӣ, 19 мизи мудаввар ва 33 чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишии зиддинашъамандӣ ташкил ва баргузор карда шуданд.

Тавассути воситаҳои ахбори оммаи кишвар 89 баромад, аз ҷумла 72 баромад дар шабакаҳои телевизионӣ ва 10 мақолаву гузориш дар матбуоти даврӣ 38 маълумот дар сомонаи Агентӣ ҷойгир карда шуд.

Тибқи омори расмӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 дар ҷумҳурӣ 4437 нафар нашъаманд дар қайд мебошанд, ки 100 (2021-109) нафари онро занҳо ташкил медиҳанд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 (5003 нафар) 566 нафар ё 11 дарсад коҳиш ёфтааст.

Имрӯз дар Тоҷикистон ба 100000 аҳолӣ 48 нашъаманд рост меояд.