Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, сардорони раёсату шуъбаҳо ва ҳайати шахсии Агентӣ иштирок намуданд.
Директори Агентӣ генерал – майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода чорабиниро оғоз намуда, ҳайати шахсӣ ва дар симои онҳо наздикону пайвандонашонро бо ин санаи басо муҳими таърихӣ табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки рушду ташаккули пайвастаи забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ яке аз муҳимтарин рамзи Истиқлолияти давлатии мо ба ҳисоб меравад.
Директори Агентӣ қайд намуданд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” ва Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 қабул гардидааст.
Таъкид гашт, ки забони ширину шевои тоҷикӣ муҳимтарин унсури ҳастӣ ва бақои умри миллати куҳанбунёди мо мебошад, ки дар даврони истиқлол ва дар марҳилаи бунёди давлатдории миллӣ рисолати миллату давлатсозии худро бо рангу ҷилои тоза идома бахшида истодааст.
Забони давлатӣ дар Тоҷикистон зери ҳимояву пуштибонии мустақими давлат қарор дошта, барои рушду пешрафти он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар ҳамаи шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд.
Воқеан, ҳамин забон аст, ки миллати тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо таъриху фарҳанги камназири худро тавассути он навишта ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.
Дар чорабинӣ як қатор кормандон баромад намуда, иброз доштанд, ки бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, ки бо фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, пок нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин забони шевою шоирона мебошад. Аз ҷониби баромадкунандагон шеърҳои шоирон дар васфи забони тоҷикӣ қироат гардид.