Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Конфронси байналмилалии “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо”

18-19 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Дар кори Конфронс намояндагони воломақоми расмии кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, ниҳодҳои Паймони ҷаҳонии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносони соҳаи таъмини бехатарии сарҳадот иштирок ва доир ба мавзӯи Конфронс суханронӣ намуданд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози кори Конфронс баромад намуда,  таъкид намуданд, ки “Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти вазъи мураккаби минтақа ба таҳкими доимии ҳифзи сарҳади давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои пешгирӣ кардани интиқоли фаросарҳадии ҷангҷӯёни террорист, қочоқи маводди мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад”.

Инчунин, Президенти мамлакат изҳор доштанд, ки Тоҷикистон дар хатти аввали мубориза бо хатари ифротгароиву терроризм қарор дошта, на танҳо минтақа, балки қаламравҳои фаротар аз онро аз оқибатҳои фалокатбори ин зуҳурот ҳимоят мекунад.

Дар Конфронси мазкур намояндагон аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Директори Агентӣ генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода низ ширкат варзиданд.

Бояд қайд намуд, ки дар доираи Конфронси мазкур, дар ошёнаи якуми “Кохи Сомон” намоишгоҳи дастовардҳои Агентӣ низ дар баробари дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва созмонҳои ваколатдори байналмилалӣ,  ташкил карда шуд.

Дар намоишгоҳ гӯшаи аксҳо таҳти унвони “Тоҷикистон дар хатти аввали мубориза бар зидди маводи мухаддир” ташкил карда шуда, дар он чорабиниҳои зиддинашъамандӣ, ташрифи меҳмонони воломақом, сӯзондани маводи нашъаовар, инчунин наворҳои вобаста ба фаъолияти Агентӣ, намоиш дода шуданд.  Ҳамчунин, барои ширкаткунандагони Конфронс намунаҳои техникаву таҷҳизотҳои махсусе, ки дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар  истифода мегарданд, нишон дода шуданд.

Ба ташрифовардагони гӯшаи Агентӣ, кормандони масъул бо забонҳои  тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар бораи маводи намоишгоҳ маълумоти зарурӣ дода, ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ бо рамз ва навиштаҷотҳои зиддинашъамандӣ ва ҳамчунин маҷаллаи Шарҳи вазъи маводи нашъаовар дар Ҷумҳуҳрии Тоҷикистон ва Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, тақдим карда шуд.