Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрии Директори Агентӣ бо Намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ

20 октябри соли равон Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода бо Намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Ашита Миттал вохӯрӣ баргузор намуд. Вохӯрии мазкур бо дархости  хонум Ашита Миттал сурат гирифт.

Зимни вохӯрӣ Директори Агентӣ, сараввал меҳмононро бо натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, аз ҷумла Агентӣ дар самти мусодираи маводи нашъаовар шинос намуда, сипас доир ба вазъи мубориза бо маводи нашъаовар дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон маълумот дод. Таъкид гардид, ки вазъ ҳанӯз ҳам ташвишовар боқӣ монда, шиддати мусодираи маводи нашъаовар дар ин минтақаҳо баъд аз ба сари қудрат омадани ҳаракати “Толибон” тамоюли баландшавӣ дорад.

Директори Агентӣ як қатор таклифҳоро дар хусуси тақвият додани мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, бахусус дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ тавассути таъсис додани шуъбаҳои нав ва бо техникаю лавозимоти зарурӣ таъмин намудани онҳо, инчунин дар чорчӯбаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2022-2025 харидорӣ намудани воситаҳои зарурии техникӣ, коркард ва амалӣ намудани лоиҳаҳои нави муштарак, пешниҳод намуд.

Хонум Ашита Миттал аз ҳамкорӣ бо Агентӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор намуд, ки раванди амалисозии Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2022-2025 ҳамкории зичро бо Агентӣ тақозо менамояд, аз ҷумла дар самтҳои таъсис додани гурӯҳҳои байниидоравии сайёр, ҳамкории оперативӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои ҳамсоя, мубориза бо моддаҳои психотропии нав ва паҳнкунии маводи нашъаовар тавассути интернет ва ғайра.

Хонум Ашита Миттал барои боз ҳам самаранок намудани кори Агентӣ се маҷмӯи воситаҳои техникиро барои тариқи маҷозӣ баргузор намудани чорабиниҳо, тақдим намуд.