Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён

1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Парчами давлатӣ ва гулгашти атрофи он дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шафати бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён қомат афрохта, барои тақвияти эҳсоси худшиносиву худогоҳии сокинон ва баргузории чорабиниҳои гуногуни ноҳиявӣ макони мувофиқ ба ҳисоб меравад.

Баландии пояи Парчами давлатӣ 46 метр, дарозӣ ва паҳноии матои он 12 бар 6 метрро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки иншоот дар идомаи корҳои ободонӣ ба ифтихори ҷашнҳои миллию давлатӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар масоҳати 1700 метри мураббаъ бунёд гардида, гирду атрофи он сангфарш ва бо гулҳои рангоранг оро дода щудааст.

Ҳамзамон барои фароҳам овардани шароит ҷиҳати гашту гузори шабонаи сокинону меҳмонони ноҳия дар майдони Парчами давлатӣ 8 чароғаки равшанидиҳанда насб гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар майдони Парчами давлатӣ бо ҷалби мутахассисону кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Камарбанд” моҳи январи соли 2022 оғоз ёфта, он дар муҳлати 10 моҳ бо риояи талаботи меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сифати баланди меъморӣ ба анҷом расидааст.

Маврид ба таъкид аст, ки солҳои охир бо ташаббусҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат майдонҳои Парчами давлатӣ ва гулгаштҳои замонавӣ бунёд гардиданд, ки ин иқдом дар самти бедор кардани ҳисси баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтиром нисбат ба муқаддасоти миллӣ заминаи воқеӣ мегузорад.

Аз ин пас дар ин макони зебо ва гулгашти назаррабо чун нишони садоқат ва меҳру муҳаббати бепоён нисбат ба рамзҳои давлатӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор карда мешавад, ки ин воситаи муҳими баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ дар замири насли ояндасози давлат мебошад.