02 ноябри соли равон вохӯрии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода бо роҳбари Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон полковники политсия Егоров А.С. баргузор гардид.
Роҳбари Намояндагии ВКД Россия ҷаноби Егоров А.С. муовини навтаъингардидаи роҳбари Намояндагии ВКД Россия дар Тоҷикистон полковники политсия Седов С.В.- ро ба иштирокчиёни вохӯрӣ шиносонд.
Директори Агентӣ ҷаноби Седов С.В.-ро ба муносибати ба вазифаи нав таъин гардиданаш табрик намуда, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ комёбиҳо орзу намуданд.
Сипас Директори Агентӣ меҳмононро бо вазъи маводи нашъовар дар ҷумҳурӣ, бахусус дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон шинос намуд. Таъкид гардид, ки мусодираи маводи нашъаовар дар ин ноҳияҳо дар зарфи як соли охир афзун ёфтааст ва зарурати таъсис додани шуъбаҳои нави Агентӣ дар ин ноҳияҳо ва таъмин намудани онҳо бо техникаю лавозимоти зарурӣ, пеш омадааст.
Ҷаноби Егоров А.С. дар хусуси лоиҳаи таъсис додани гурӯҳҳои байниидоравии сайёр дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ пурсон шуда, таъсиси онҳоро дар шароити вазъи мураккаби Афғонистон мувофиқи мақсад донист.
Ҷонибҳо доир ба лоиҳаи Созишнома байни АНМН-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ВКД-и Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ ва мусоидат кардан ба Агентӣ дар самти муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо барои солҳои 2022-2024» изҳори назар намуда, дар фурсатҳои наздик ба имзо расонидани онро зарур донистанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳо байни Агентӣ ва ВКД Россия изҳор намуданд.