Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентӣ

04 ноябри соли равон дар толори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии Агентӣ баргузор гардид.

Директори Агентӣ генерал – майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода чорабиниро оғоз намуда, ҳайати шахсии Агентиро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, таъкид намуд, ки маҳз қабули он бо ҷонибдории аксари шаҳрвандони кишвар рушди давлати моро таъмин намуд.

Дар заминаи қабули Конститутсия низоми ҳуқуқӣ дар кишвар ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид ва ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо инобати тағйири муносибатҳои ҷамъиятӣ ва сохти демократии давлатӣ аз нав таҳия ва қабул шуданд.

Зикр гардид, ки маҳз бо сарварии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида ва 6 ноябри соли 1994 аз ҷониби аҳолии кишвар пазируфта шуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади тақдирсозест, ки низоми давлатдории моро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин менамояд.

Дар ҳамоиши тантанавӣ инчунин кормандони ҷавони Агентӣ оид ба заминаҳои қабули Конститутсия, марҳилаҳои он ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он, баромад намуданд. Инчунин, филми мустанад дар бораи марҳилаҳои қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фароҳам овардани заминаҳо барои  бунёди ҷомеаи  демократӣ ба ҳозирин намоиш дода шуд.