Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Ифтитоҳи бинои қисми ҳарбии 3505-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

9 ноябр Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои қисми ҳарбии 3505-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити будубоши хизматчиёни ҳарбӣ шинос шуданд.

Бино аз се ошёна иборат буда, барои хизмати афсарону сарбозон мутобиқ ба талабот шароит фароҳам оварда шудааст. Дар ошёнаи якум ҳуҷраҳои кории афсарон, нуқтаи тиббӣ, дар ошёнаи дуюму сеюм хобгоҳ, ҳамом, китобхона ва толори маҷлис ҷойгир мебошад. Дар ҳудуди қисми низомӣ ошхона бо 160 ҷой, толору майдончаҳои муосири варзишӣ, майдони сафороӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ сохта шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити фароҳамшуда баҳои баланд дода, афсарону сарбозонро барои содиқона хизмат намудан ба нафъи давлату миллат ва ҳифзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят карданд.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи моддию техникии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ беҳтар гардида, афсарону сарбозон пайваста дастгирӣ меёбанд.

Натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯзҳо ҷавонони шуҷои миллат баҳри ҳимояи Модар – Ватан омода буда, сарбаландона саҳми худро дар таъмини сулҳу субот ва сарҷамъии миллат мегузоранд.

Ҳадаф ва рисолати афсарони қисми ҳарбии 3505-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими иқтидори ҷангии Қушунҳои дохилӣ вобаста ба таъмини амният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи иншооти махсуси муҳими давлатӣ, мубориза бар зидди терроризм, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили ба амнияти ҷомеа хавф эҷодкунанда ба ҳисоб меравад.

Чунин дастгириву ғамхориҳои пайваста ва мураккаб гаштани вазъи сиёсии кишварҳои ҷаҳон кормандони ниҳодҳои ҳарбиро, ки бештар масъулияти бузурги ҳифзи Ватану таъмини суботу осоиштагии мардум аз онҳо вобастагӣ дорад, водор месозад, ки дар иҷрои ин рисолат беш аз ҳарвақта масъулиятнок бошанд.

Баъди боздид аз бинои қисми низомӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ба командири баталиони таъиноти махсуси  қисми ҳарии 3505-и Раёсати Қӯшунҳои ҳарбии Вазорати корҳои дохилӣ Байрақи ҷангиро ҳамчун рамзи қисми ҳарбӣ, шараф, ҷасорат, шуҷоат ва намудани садоқат ба савганди ҳарбӣ ва хизмати софдилона ба Ватан супориданд.

Дар ҳамин ҷо пас аз садо додани суруди миллӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми гузашти низомӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар оғози суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни таъсисёбии милитсияи Тоҷикистон, яъне иди касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ тамоми кормандони милитсия, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ ва собиқадоронро самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо тандурустиву оромӣ ва дар фаъолияти пуршарафашон барори кору муваффақият орзу карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки расидан ба истиқлоли давлатӣ дар таърихи милитсияи Тоҷикистон давраи навро оғоз намуд ва шароит фароҳам овард, ки кормандони ин ниҳод бо дарки масъулият, ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ ба хотири ҳимояи ин неъмати арзишмандтарини зиндагии давлату миллат, яъне истиқлолу озодӣ вазифаи муқаддасу ҷонии худро сарбаландона ба ҷой оваранд.

Президенти мамлакат бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ то имрӯз якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои таъмини суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирӣ кардани ҳама гуна қонунвайронкуниҳо содиқона ва ҷавонмардона хизмат карда истодаанд.

Мақомоти корҳои дохилӣ, хусусан, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъулияти басо душвор – ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, ҳифзи молу мулк, таъмини оромиву осоиш ва мубориза бо гурӯҳҳои ҷинояткорро ба уҳда доштанд ва масъулияти худро бо сари баланд иҷро карданд.

Дар робита ба таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти кишвар ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ вазифадор шуданд, ки дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои зикршуда ва кӯшишҳои халалдор сохтани вазъи муътадили ҷомеа ҳамеша ҳушёру омода бошанд ва дар ин раванд ба масъалаи баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии худ эътибори ҷиддӣ ва доимӣ диҳанд.

Таъкид гардид, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳкими асосҳои моддиву техникии ин сохтори бонуфуз, ба хизмат ҷалб кардани кормандони баландихтисос ва содиқ ба давлату миллат, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва хизматии ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то имрӯз барои мақомоти корҳои дохилӣ 400 иншооту биноҳои нав сохта, ба истифода дода шудаанд.

Қӯшунҳои дохилӣ яке аз сохторҳои калидии Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳисоб рафта, саҳми онҳо дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва дигар омилҳои халалдоркунандаи ҳаёти осоиштаи мардум назаррас мебошад.

Қӯшунҳои дохилӣ баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар шароити ниҳоят душвору мураккаб ҳамчун аввалин сохтори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуданд.

Дар солҳои душвори мухолифатҳои дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ қарзи ватандории худро садоқатмандона иҷро карда, дараҷаи баланди маҳорати касбиву ҷангӣ нишон доданд.

Имрӯз низ ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ вазифаҳои хизмативу ҷангии худро бо маҳорати баланди касбӣ иҷро карда, худро ҳамчун ниҳоди боэътимоди ба мушкиливу душвориҳо тобовар нишон дода истодааст.

Дар радифи иҷрои вазифаҳои хизматии рӯзмарра саҳми Қӯшунҳои дохилӣ дар тақвияти амнияти сарҳади давлатӣ низ назаррас буда, онҳо дар ҳамкорӣ бо Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳимояи сарҳади давлатӣ саҳми арзишманд гузошта истодаанд.

Таъкид гардид, ки бояд ба тарбияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва мунтазам баланд бардоштани тайёриву малакаи ҷангии афсарону сарбозон минбаъд низ диққати махсус дода шавад.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварӣ таъкид карданд, ки фарзандони содиқи Ватан барои амалӣ гардидани ин мароми нек ҳиссагузор хоҳанд буд.

“Ман ба қудрату тавоноӣ, далериву мардонагӣ ва садоқату вафодории хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ, аз ҷумла Қӯшунҳои дохилӣ ба давлату миллат ва сарзамини муқаддасамон итминони комил дорам” изҳор доштанд, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо амри фармондеҳи парад ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик гузашти ҳарбӣ оғоз гардид.

Дар паради ҳарбӣ кормандони раёсату шуъбаҳо, хадамот, ҷузъу томҳои Қушунҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои таркибии Вазорати корҳои дохилӣ ширкат варзиданд.