Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Ба истифода додани сардхонаи нав дар Боғи миллии “Ваҳдат” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” ташриф оварда, сардхонаи наву замонавиро, ки бо ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ бунёд карда шудааст, мавриди баҳрбардорӣ қарор доданд.

Дар сардхонаи нав коргарони Боғи миллии “Ваҳдат” бо мақсади таъмини бозори дохилӣ дар фаслҳои зимистону баҳор бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ сабзӣ, картошка, лаблабуи сурх, анор, ангур, хурмо, олу ва себ захира намудаанд.

Дар сардхона дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, ки ҳарорати дохили иншоотро мутобиқ ба меъёр нигоҳ дошта, сифати хуби маҳсулотро таъмин менамояд, васлу насб карда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми боғдорон баҳри бунёди сардхона, пешгирии талафёбии маҳсулот ва таъмини бозор бо меваю сабзавот дар ҳама фаслҳои сол баҳои баланд дода, масъулонро вазифадор намуданд, ки бо истифода аз имконияту иқтидорҳои мавҷуда ҳаҷми захираи маҳсулоти кишоварзиро зиёд намоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи августи соли равон оғоз гардида, барои бунёд ва муҷаҳҳазсозии он зиёда аз 2 миллион сомонӣ харҷ карда шудааст.

Сардхона дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, ин иқдом имкон медиҳад, ки дар ҳама фаслҳои сол бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин шавад. Дар ин баробар, маҳсули дастранҷи деҳқонон дар сардхона захира гардида, дар ҳолати афзоиши талабот, ба дигар кишварҳо низ содирот карда мешавад.

Дар оянда иқтидори сардхонаҳои Боғи миллии “Ваҳдат” ба 4 ҳазор тонна расонида шуда, бунёди коргоҳҳои замонавии коркарди меваву истеҳсоли консерва низ дар назар аст.

Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли 2008 дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, масоҳати умумии боғҳои он 631 гектарро ташкил медиҳад.