18 ноябри соли 2022 дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти ваколатдор оид ба муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадори давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур роҳбарони мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои СААД: Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва намояндагони котиботи СААД иштирок намуданд.
Ҳайати Тоҷикистонро Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода роҳбарӣ менамояд.
Дар баррасии масъалаҳои рӯзнома ҳайати Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, Директори Агентӣ вобаста ба масъалаи “Тамоюлҳои асосии вазъи маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 бо назардошти вазъи ноороми ҷаҳон ва инкишофи он дар оянда” баромади алоҳида намуданд.
Дар робита ба ҳолатҳои дар баромади Директори Агентӣ инъикосёфта, дар Протоколи ҷаласаи Шӯро бандҳои дахлдор ҷой дода шуд.
Дар чорчӯбаи ҷаласаи мазкур вохӯрии Директори Агентӣ генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода бо муовини Вазири корҳои дохилии Россия генерал-полковники политсия Храпов А.И. баргузор гардид. Ҷонибҳо масъалаи ҳамкориро баррасӣ намуда, доир ба амалӣ гаштани нақшаҳои муштараки корӣ табодули назар намуданд.
Инчунин, раванди ба имзорасонии лоиҳаи Созишнома байни АНМН-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ВКД-и Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ ва мусоидат кардан ба Агентӣ дар самти муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо барои солҳои 2022-2024» баррасӣ гардида, дар фурсатҳои наздик ба имзо расонидани онро зарур донистанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳо байни Агентӣ ва ВКД Россия изҳор намуданд.