Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрии Директори Агентӣ бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

6 декабри соли 2022 Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Валид Абдурраҳмон Ал Решайдан вохӯрӣ баргузор намуд.

Баъд аз шиносоӣ, Директори Агентӣ оид ба вазъи нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ ва минтақа, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати муомилоти маводи нашъаовар, фаъолияти мақомоти салоҳиятдор дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ, ҳамкориҳои Агентӣ бо мақомоти ваколатдори дигар кишварҳо, маълумот манзур намуд.

Ҳамчунин, дар рафти вохӯрӣ Директори Агентӣ масъалаи лоиҳаи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати  Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкори дар мубориза бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъдор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои кимиёвиро дахл намуда, тезонидани баимзорасонии онро мувофиқи мақсад донист.

Ҷаноби Валид Абдурраҳмон Ал Решайдан масъалаи мазкурро муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки дар баррасии он, мусоидат хоҳад намуд.

Дар ҷараёни суҳбат тарафҳо минатдории худро ба ҳамдигар изҳор намуда, омодагии худро дар густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти назорати маводи нашъаовар баён намуданд.