Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Санади нави ҳамкорӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунӣ ва сӯиистеъмоли маводи нашъаовар байни Тоҷикистону Покистон ба имзо расид

14 декабри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон сафар карданд.

Дар ин сафар Президенти мамлакатро як қатор роҳбарони вазорату идораҳои давлатии кишвар, аз он ҷумла Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода ҳамроҳӣ намуданд.

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон дар ҳузури Сарони давлатҳо, маросими баимзорасии санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунӣ ва сӯиистеъмоли воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори Агентӣ  ба имзо расонида шуд.