Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Муаррифии маҷаллаи “Шарҳи вазъи назорати маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022”

Бо ташаббуси ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Иҷлосияи 66-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар чорабинии канорӣ бо иштироки роҳбарон ва ҳайатҳои давлатҳои аъзои СММ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар иштирокчиёни Иҷлосия 66-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар  доир карда шуд. Чорабинии канорӣ дар ҳамраисии Намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ хонум Ашита Миталл баргузор гардид.

Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода маҷаллаи “Шарҳи вазъи назорати маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022”-ро, ки ҳамасола таҳия ва нашр мегардад, ба ҳозирин муаррифӣ намуданд.

Диққати иштирокдорони ҷаласаи мазкур бештар ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати маводи нашъаовар, тамоюлҳои асосии вазъи мухаддиротӣ дар кишвар ва минтақа, инчунин фаъолияти вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар самти муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор, назорати муомилоти қонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ, мустаҳкам намудани назорати Сарҳади давлатӣ, баргузории амалиётҳои муштараки зиддимухаддиротӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дигар давлатҳо, амалисозии барномаҳо, татбиқи лоиҳаҳои зиддимухаддиротӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалб карда шуд.

Маҷаллаи мазкур ҳамчун маводи иттилоотӣ-таҳлилӣ барои дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудани сиёсати зиддимухаддиотии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷаҳои татбиқи барномаю стратегияҳои давлатӣ ва лоиҳаҳои байналмилалӣ, кумаки амалии худро мерасонад.

Муаррифии маҷаллаи мазкур дар доираи чорабиниҳои Иҷлосия барои ҷалб намудани диққати кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба ҳалли мушкилоти маводи нашъаовар дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд.

Дар чорабинии мазкур Директори Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо ва Президенти  КАТКА иштирок ва оид ба масъалаҳои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии  маводи нашъаовар муҳокимаронӣ намуда, барои рушди ҳамкориҳои судманд изҳори омодагӣ намуданд.