Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрии Директори Агентӣ бо Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ

Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода дар ҳошияи ҷаласаи 66-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар дар шаҳри Вена бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ хонум Ғода Фатҳи Валӣ вохӯрӣ баргузор намуданд.

Зимни вохӯрӣ Директори Агентӣ оид ба сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои кишвар ва корҳои анҷомдодаи мақомоти ваколатдори ҷумҳурӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ ба хонум Ғода Валӣ маълумот манзур намуда, бо назардошти таҳдиду хатарҳои аз Афғонистон бармеомада, аз ҷумла қочоқи рӯзафзуни маводи нашъаовар ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҷиҳати таҳкими сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон тавассути расонидани кӯмакҳои моддӣ-техникӣ ва роҳандозӣ намудани лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори ҷумҳурӣ, даъват ба амал оварданд.

Ҳамчунин дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо як қатор масъалаҳои мубрам, аз ҷумла доир ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Агентӣ ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ табодули афкор намуданд. Хонум Ғода Валӣ иброз доштанд, ки масъалаҳои ҳамкорӣ бо Агентӣ ва ҳамаҷониба дастгирӣ намудани он ҳамеша дар мадди назари ӯ қарор доранд.