Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода дар идомаи Иҷлосияи 66-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар дар шаҳри Вена, дар чорабиниҳои канории ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Белорус фаъолона ширкат варзиданд.
Директори Агентӣ ба иштирокчиёни чорабиниҳо оид ба вазъи маводи нашъаовар дар ҷумҳурӣ ва минтақа, дастовардҳо ва мушкилиҳо дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ ахбор манзур намуда, ҷиҳати мустаҳкам намудани ҳамкориҳои судманди байналмилалӣ бо мақомоти ваколатдори давлатҳои манфиатдор таклифҳои мушаххас пешниҳод карданд.
Ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин, дар вохӯрии ташкилнамудаи Барномаи КАДАП бо ҳайатҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзид. Дар баромади худ Директори Агентӣ доир ба самаранокии татбиқи Барномаи мазкур пешниҳодҳо ироа намуданд.
Инчунин, вохӯрии кории Директори Агентӣ бо сардори бахши сарҳадии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ баргузор гардид.
Хотирасон менамоем, ки ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентӣ, генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода ҷиҳати иштирок дар Иҷлосияи 66-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар дар шаҳри Вена мебошанд. Иҷлосияҳо ҳамасола дар Маркази байналмилалии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ баргузор гардида, дар кори он вазирон ва роҳбарони мақомоти назорати маводи нашъаовари давлатҳои аъзои СММ ва созмонҳои бонуфӯзи байналмилалӣ иштирок менамоянд.