Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи “Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид – 2023” дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш мулоқот намуданд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин рӯзномаи Конфронси об мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат таъкид доштанд, ки аз узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид беш аз си сол сипарӣ шуд ва мо ба таҳкими муносибатҳо бо он пайваста аҳаммияти хосса медиҳем.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон омода аст, дар якҷоягӣ  бо СММ ва давлатҳои аъзои он ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, рафъи хатару таҳдидҳои муосир ва таъмини арзишҳои волои инсоният саъю талошҳои муштарак ба харҷ диҳад.

Ҳамкорӣ дар самти об, тағйирёбии иқлим ва таъсири оқибатҳои он ба захираҳои об, пешгирии офатҳои табиӣ, рушди иқтидорҳои тавлиди “неруи сабз”, қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ аз рӯйи ташаббуси панҷуми Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо, аз мавзуъҳои асосии мулоқот буданд.

Зимни суҳбат масъалаҳои барқароркунии баъд аз пандемия, буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ ва хатару таҳдидҳои терроризму экстремизм муҳокима гардид.

Вобаста ба вазъи сиёсӣ дар Афғонистон таъкид гардид, ки Тоҷикистон аз раванди интиқоли кумакҳои башардӯстона ба мардуми кишвари ҳамсоя ҷонибдорӣ менамояд ва ба ин мақсад кишвари мо тамоми имконоти логистикии худро вогузор намудааст.