Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Ифтитоҳи хонаҳои истиқоматии хизматии кормандони шуъбаи ВКД дар шаҳри Истиқлол

Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои истиқоматии хизматии кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлолро пас аз таъмиру тармим ва анҷоми корҳои навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои истиқоматӣ аз 5 ошёна иборат буда, дар он барои зисту зиндагии кормандони мақомоти милитсия тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, тамоми хонаҳо бо лавозимоти рӯзгор, аз қабили яхдон, мошинаи ҷомашӯӣ, телевизор, қолину дигар ашёҳо муҷаҳҳаз буда, хонаҳо пурра аз таъмир бароварда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба як ҷуфт навхонадорон, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият намудаву ятими кулланд, калиди хонаи истиқоматиро ҳадя намуданд. Барои чунин таваҷҷӯҳ ва ғамхорӣ оилаи ҷавон ба Пешвои муаззами миллат изҳори миннадорӣ карданд.

Президенти мамлакат ҳамчунин бо шароитҳои бинои истиқоматӣ шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур дорои 55 хона буда, аз ин 40 хонаи истиқоматӣ 2-ҳуҷрагӣ ва 10 хонаи дигар 1-ҳуҷрагӣ мебошад. Ин ҳадяи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони ниҳоди мазкурро, ки дар шаҳри Истиқлол кору фаъолият мекунанд, хушҳол намуд.

Қобил ба тазаккур аст, ки шарту шароити зисту зиндагонӣ ва имкониятҳои хизматии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таври ҳамешагӣ зери таваҷҷуҳи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат қарор дошта, тадриҷан барои фаъолияти босамари онҳо шароиту имкониятҳои муосир фароҳам оварда мешавад. Хусусан таъмини оилаҳои низомиён бо хонаҳои истиқоматӣ дар ҷумҳурӣ бомаром идома дошта, ба ин васила шароити зисту зиндагонии онҳо ба тарзи чашмрас боло бардошта шудааст.

Дар ин рӯз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Истиқлол як адад микроавтобуси хизматӣ туҳфа карда шуд.

Зимни суҳбатҳои самимӣ кормандони милитсия ва оилаҳои онҳо ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои ҳамешагӣ изҳори сипосу миннатдорӣ баён карда, иброз доштанд, ки ин гуна дастгириҳои пайваста масъулияти онҳоро барои иҷрои вазифаи хизматиашон боз ҳам дучанд менамояд.