15 майи соли 2023 дар бинои Агентӣ вохӯрии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода бо Намояндаи минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Ашита Миттал баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ рафти татбиқи Барномаи минтақавии Раёсати СММ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2022-2025 муҳокима гардида, дурнамои ҳамкориҳо дар доираи ин Баронома ҷиҳати татбиқи чорабиниҳои банақшагирифта, мушаххас гардид. Директори Агентӣ доир ба вазъи маводи нашъаовар дар ҷумҳурӣ суханронӣ намуда, диққати меҳмононро барои ҳамкориҳо дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Афғонистон ҷалб намуда, оид ба фаъол гардидани қочоқи воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ дар Масири шимол маълумот доданд. Инчунин, доир ба таъсис додани шуъбаҳои нави Агентӣ ва гурӯҳҳои байниидоравии сайёр таклифҳо манзур намуданд.
Хонум Ашита Миттал ҳамкории Агентиро бо Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ муҳим арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки пешниҳодҳои мазкурро мавриди омузиш ва такмил қарор дода, бо маблағгузорон дар бораи татбиқи онҳо гуфтушунид анҷом медиҳанд. Ӯ иброз намуданд, ки ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳои судманд бо Агентӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, чораҳои заруриро барои дастгирии Агентӣ роҳандозӣ менамояд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо изҳор намуданд, ки барои рушд ёфтани ҳамкории эътимоднок ва судманд дар самти назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар оянда низ тадбирҳо заруриро амалӣ менамоянд.