Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Баргузории вохӯрӣ ва семинари омӯзишӣ барои кормандони соҳаи тандурустӣ ва субъектони фаъолияти хоҷагидор

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдор дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон – “Шифобахш” дар шаҳри Душанбе бо кормандони масъули соҳаи тандурустӣ ва субъектони фаъолияти хоҷагидор, ки ба муомилоти доруворӣ, инчунин дар самти муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои онҳо, моддаҳои сахттаъсир ва моддаҳои заҳрнок фаъолият доранд, вохӯрӣ ва семинари омӯзишӣ баргузор намуданд.

Мутахассисон оид ба вазъи имрӯза ва вобаста ба ҷиноятҳои содиршуда аз ҷониби баъзе аз кормандони дорухонаҳо маълумот дода, барои роҳ надодан ба чунин қонунвайронкуниҳо дастур ва маслиҳатҳои муфидро пешниҳод намуданд.

Мавриди зикр аст, ки семинари омӯзишӣ мавзуъҳои “Омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо, моддаҳои сахттаъсир ва моддаҳои заҳрнок” ва “Омӯзиши санадҳои меъёрии умумиҳатмӣ ва тартиби пешниҳод намудани ҳисобот ба мақомоти ваколатдори давлатӣ”- ро дар бар гирифт. Ҳамчунин, муҳтаво ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муомилоти қонунии воситањои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо, моддаҳои сахттаъсир ва моддаҳои заҳрнок шарҳ дода шуд.

Вохӯрии мазкур ва семинари омӯзишӣ, ин пеш аз ҳама, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии субъектони фаъолияти хоҷагидор, пешгирӣ намудани ҳолатҳои аз муомилоти қонунӣ ба муомилоти ғайриқонунӣ роҳ ёфтани маводҳои назоратшаванда, мусоидат намудан ба коҳиши дастрасӣ ба чунин доруворӣ бе таъиноти табибон, содагардонии дастрасии маводи дорувории нашъадор ва моддаҳои психотропӣ ба эҳтиёҷмандон дар асоси дорухат ва дар ин замина, коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ, баргузор карда шуданд.