Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Оғози амалиёти “Кӯкнор-2023”

20 майи соли равон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2023 ва мутобиқи банди 5-и Нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ҷаласаи тадорукотии Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти “Кӯкнор-2023” баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони вазорату идораҳои салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар рафти ҷаласа аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои сафарбаргардида барои роҳбарӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолият, Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти “Кӯкнор-2023” дар назди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, Нақшаи чорабиниҳои асосӣ оид ба ташкил ва баргузор намудани амалиёти ҷумҳуриявии “Кӯкнор-2023” тасдиқ карда шуд.

Нақшаи чорабиниҳои зикргардида ташкил кардани ситодҳои кории амалиёти «Кӯкнор-2023»-ро дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо пешбинӣ менамояд.

Амалиёти “Кӯкнор” дар қаламравиҶумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ошкор ва нобуд сохтани растаниҳои нашъадори худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда, бастани роҳҳои интиқолиғайриқонунии маводи нашъаовар ҳамасола аз 1 июн  то 30 ноябр роҳандозӣ мегардад.

Гузаронидани корҳои талиғотию ташвиқотӣ дар маҳалҳо оид ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, кишти ғайриқонунии растаниҳои дорои маводи нашъаовар ва оқибатҳои зараровари суиистеъмоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, инчунин,дар байни табақаҳои мухталифи аҳолӣбаргузор намудани чорабиниҳои маҷмӯии пешгирикунанда ба нақша гирифта шудаанд.