Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Табрикоти Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода бахшида ба Рўзи кормандони мақомоти назорати маводи нашъаовар

Ҳамаи кормандон, ҳайати шахсӣ, собиқадорон, наздикон ва дар умум ҳар нафареро, ки бо ин мақомоти бонуфуз иртиботе дорад, ба муносибати Иди касбӣ – Рӯзи кормандони мақомоти назорати маводи нашъаовар ва 24 – умин солгарди таъсисёбии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, бароятон осмони софу беғубор, осоиши рӯзгор, хотирҷамъӣ, саломатии бардавом ва дар кору зиндагиатон барору комёбиҳо таманно менамоям.

Боиси ифтихор аст, ки дар партави дастур ва иқдоми хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин мақомоти бонуфуз таъсис дода шуд, ки таи 24 – сол инҷониб, рисолати муқаддаси худро дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди хатари ҷиддии глобалӣ – пешгирии нашъамандӣ, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо самаранок иҷро карда истодааст.

Боиси ифтихор аст, ки ҳайати шахсии Агентӣ, дар қатори дигар кормандони мақомоти њифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ сарбаландона ва содиқона дар мубориза бо ҷинояткорӣ, пешгирии паҳншавии нашъамандӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва дигар чорабиниҳо оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд. Созмонҳои байналхалқӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ Агентиро ҳамчун шарики боэътимод ва босалоҳият эътироф намудаанд.

Итминони комил дорам, ки кормандони Агентӣ дар оянда  ҳам масъулияти бар душ доштаашонро ҷиҳати татбиқи сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбаландӣ иҷро намуда, дар самти муқовимат ба ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ низ саҳми босазои худро мегузоранд.

Бо чунин эътимоди бузург бори дигар ҳамаи Шуморо бо ин ҷашни фархунда самимона табрик намуда, бароятон тани сиҳат, рӯзгори обод, хушбахтии оилавӣ ва дар хизмат барои Ватани азизамон ва ободии Тоҷикистон комёбиҳои беназирро таманно дорам.

Иди касбӣ муборак!