Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Чорабинии варзишӣ бахшида ба рӯзи агентӣ

Дар арафаи таҷлили Иди касбии кормандони мақомоти назорати маводи нашъаовар ва “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон”, аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии пешгирикунандаи зиддинашъамандии “Марафони велосипедронӣ”, зери шиори “Ҷавонон бар зидди маводи нашъаовар” ташкил ва баргузор карда шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки кормандони Агентӣ дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ, дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа пайваста чунин чорабиниҳо ва сӯҳбату вохӯриҳоро доир намуда, дар онҳо корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мемонанд.

Ин навбат низ, Агентӣ, бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа аз истеъмоли маводи нашъаовар, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ  хусусан дар байни наврасону ҷавонон оид ба зарар ва оқибатҳои фоҷеабори он ва тарғиб намудани тарзи ҳаёти солим, тавассути ҳарчи зиёдтар шуғл варзидан ба варзиш, чорабинии мазкурро роҳандозӣ намуд.

“Марафони велосипедронӣ” аз назди фаввораи Наврӯзгоҳ оғоз гардида, дар чорроҳаи назди “Товус” ба анҷом расид.

Дар ҷараёни он, дар назди муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-и шаҳри Душанбе ва истгоҳи назди “Сиёма” ба мардуми ҷамъомада, варақаҳои иттилоотии дорои маълумот дар бораи зарари маводи мухаддир тақсим карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки чорабинии мазкур бо дастгирии шуъбаи байналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии (INL) Cафорати ИМА дар Тоҷикистон сурат гирифта, иштирокчиёни он бо велосипедҳо ва либосҳои варзишӣ таъмин гардиданд.