Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

ТАҶЛИЛИ ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ АГЕНТӢ

1-уми июни соли ҷорӣ Рӯзи кормандони мақомоти назорати маводи нашъаовар ва 24-умин солгарди таъсисёбии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зодаи даврони соњибистиќлолии Тоҷикистон мебошад, дар саҳни бинои Агентӣ ҷашн гирифта шуд.

Дар он роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва собиқадорони Агентӣ иштирок намуданд.

Баъд аз ворид намудани парчами давлатӣ ва садо додани суруди миллӣ, чорабиниро Директори Агентӣ, генерал – майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода оғоз намуда, ҳозиринро ба иди касбиашон табрику таҳният гуфтанд.

Дар рафти суханронии худ Директори Агентӣ қайд намуданд, ки  бо иқдоми хирадмандона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,      Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин як мақомоти бонуфуз таъсис дода шуд, ки таи 24- сол инҷониб, рисолати муқаддаси худро дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди хатари ҷиддии глобалӣ – пешгирии нашъамандӣ, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо самаранок иҷро намуда истодааст.

Имрӯз бо шарафмандӣ метавон гуфт, ки Агентӣ ба як мақомоти махсуси пуриқтидор ва тавонои ҳифзи ҳуқуқ табдил ёфта дар таъмин ва нигоҳдории амният ва сулҳу субот саҳми босазо мегузорад.

Дар арсаи байналмилалӣ Агентӣ ҷумҳуриро дар самти назорати маводи нашъаовар бомуваффақият муаррифӣ менамояд, аз ин ҷост, ки созмонҳои байналхалқӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ Агентиро ҳамчун шарики боэътимод ва босалоҳият эътироф намудаанд.

Қайд карда шуд, ки мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолият боқӣ монда дар ин самт мо бо ҳамаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва хориҷӣ, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монда, дар оянда низ дар таъмини ҳимояи манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ҷомеа ва давлат фаъолияти худро бояд боз ҳам ҷоннок намоем.

Ҳамчунин дар ҷаласаи мазкур кормандони ботаҷриба ва собиқадорон суханронӣ намуданд.

Як қатор кормандон, ки дар давоми фаъолияташон ба натиҷаҳои назаррас комёб шудаанд, аз ҷониби Директори Агентӣ бо мукофотҳои соҳавӣ ва рутбаҳои навбатии хизматӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Кормандони ҷавони нав ба кор таъингардида баҳри садоқат ба халқу Ватан, риояи Конститутсия  ва қонунҳои Тоҷикистон, инчунин софдилона иҷро намудани вазифаҳои худ савганд ёд намуданд.

Ҳамин тариқ, ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 24-умин солгарди таъсисёбии Агентӣ дар фазои хотирмон баргузор гардид.