Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

“Корвони зиддимухаддиротӣ – 2023” ба шаҳри Бохтар расид

9 июни соли 2023 дар Театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар чорабинии муштараки фарҳангию фароғати ва варзишӣ  таҳти унвони “Корвони зиддимухаддиротӣ – 2023” зери шиори “Ҷавонон бар зидди маводи нашъаовар”, баргузор гардид.

Чорабиниро муовини Раиси шаҳри Бохтар ифтитоҳ намуда, таъкид намуд, ки баргузории чунин чорабинии хусусияти пешгирикунанда дошта бисёр муҳим буда, барои огаҳӣ ёфтани насли наврасу ҷавон аз оқибатҳои фоҷиабори нашъамандию нашъаҷаллобӣ, нақши калон дорад.

Дар идомаи чорабинӣ намояндагони Агентӣ  ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, роҷеъ ба мақсадҳои чорабинӣ, саломатии ҷомеа, аҳамияти варзиш ба саломатӣ, таҳкими дӯстию рафоқат ибрози андеша намуда, ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорату идораҳо ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар пешгирӣ ва паҳншавии маводи нашъаовар, бахусус сӯиистеъмоли он, муҳим арзёбӣ намуданд.

Инчунин қайд гардид, ки новобаста аз он, ки дар кишварамон сатҳи мубтало гардидан ба нашъамандӣ солҳои охир рӯ ба камшавӣ дорад, бояд бо ҷавонону наврасон оиди роҳҳои пешгирӣ ва дурӣ ҷустан аз нашъамандию дигар амалу кирдори номатлуб пайваста корҳои фаҳмондадиҳию тарбиявӣ бурда шавад.

Тибқи нақшаи чорабинӣ даври ниҳоии мусобиқаҳои варзишӣ оид ба волейбол байни ҷавонону наврасони муассисаҳои таҳсилотии шаҳри Бохтар ҷамъбаст гардида, ғолибони он муайян гаштанд.

Ғолибон, бозингарони беҳтарин, мураббиёни мусобиқаи варзишӣ, инчунин, нафароне, ки барои дар сатҳи баланд доир гаштани ин чорабинии муштарак саҳми босазо доштанд, дар фазои тантанавӣ бо мукофотҳо аз қабили ҷом, медалу ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Корвони мазкур тибқи нақша кори худро дар шаҳрҳои  Турсунзода, Хуҷанд ва Душанбе идома медиҳад.