12 июни соли ҷорӣ “Корвони зиддимухаддиротӣ – 2023”, ки барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба интихоби тарзи ҳаёти солим роҳандозӣ гардидааст, ба шаҳри Турсунзода расид.
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он намояндагони Раиси шаҳр, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷавонон ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баромадкунандагон оид ба зарару оқибатҳои фоҷеаборӣ маводи нашъаовар маълумот дода, ҷавононро барои содиқ будан ба ватану миллат, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, калонсолон, машғул шудан ба донишу ҳунаромӯзӣ, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, шуғл варзидан ба варзиш ва худдорӣ аз амалу кирдорҳои бад, аз ҷумла аз нашъамандию нашъаҷаллобӣ, ҳидоят намуданд.
Пас аз суханрониҳо ғолибони мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи хурд, ки тайи ҳафтаи охир дар доираи чорабинӣ байни ҷавонони шаҳри Турсунзода идома дошт, ба ҳозирин эълон карда шуда, ба ғолибон ва ба варзишгарони беҳтарин дар фазои тантанавӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Дар қисмати фарҳангӣ-фароғатии чорабинӣ барномаи консертӣ дар иҷрои ҳунармандони бахши фарҳангии шаҳр намоиш дода шуд.