Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

САФАРИ КОРИИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТӢ БА НОҲИЯИ ВАРЗОБ

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 6-уми майи соли 2022, №АП-188, Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори адлия, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба амалӣ намудани Нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб Ҳабибулло Воҳидзода аз 10 то 17-уми июни соли равон ба ноҳияи Варзоб сафари корӣ анҷом доданд.

Дар доираи сафари кории худ Ҳабибулло Воҳидзода аз ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, махсусан, сатҳу сифати иншооти бунёдшаванда, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла ҶСК “Такобский ГОК”, ҶДММ “39 Параррел”, ҶДММ “Ясминаи Таманно”, ҶДММ “Сзынян Инхай”, хоҷагии деҳқонии “Хушвахт” ва корхонаи “Коркарди гиёҳҳои шифобахш”, ки ба истеҳсоли консентрати флюорит, сурб, реги кварсӣ барои истифодаи истеҳсоли семент ва шиша, хишти пухтаи биносозӣ, гӯшти парранда ва духти либоси мактабӣ машғул мебошанд, ва инчунин, сардхонаи маҳсулотҳои хоҷагии деҳот дидан намуда, оид ба барқарорсозии корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, рушди соҳаи саноат, зиёд намудани иқтидор, ба талаботи ҷаҳонӣ мутобиқ намудани сифати маҳсулоти истеҳсолӣ ва таъмини аҳолӣ ба ҷойҳои корӣ суҳбатҳо баргузор намуданд.

Дар ин раванд, санаи 15 июни соли ҷорӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб таҳти раисии роҳбари гурӯҳи корӣ Ҳабибулло Воҳидзода, бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Х. Н. бо соҳибкорони ноҳия вохӯрии корӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои дастгирии пайвастаи соҳибкорон ҷиҳати фароҳам овардани муҳити мусоид барои фаъолият аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои ҳалталаби фаъолияти соҳибкорони ноҳия муҳокима гардида, инчунин, диққати соҳибкорон баҳри иқдому нақшаҳои созанда ва ободонӣ ба муносибати ҷашни  35-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи сокинон ҷиҳати ҳалли мушкилоту масъалаҳои иҷтимоӣ, илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, занону ҷавонон, дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ҷалб карда шуд.

Инчунин, дар доираи сафари корӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва умуман, истифодаи самараноки замин аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сокинон, Директори Агентӣ аз ҷараёни кишти картошка ва дигар зироатҳо дар мавзеҳои дурдасти шаҳраки Такоб, як қатор ҷамоатҳои деҳот, аз ҷумла, Деҳмалик ва Зидеҳ дидан намуда, бо сокинони ин ҷамоатҳо вобаста ба ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, пешгирии зиёдаравию исрофкорӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ободониву бунёдкорӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, махсусан заминҳои наздиҳавлигию хоҷагиҳои ёрирасон ва дар ҳар як оила захира намудани маводи ғизоӣ барои на камтар аз 2 сол сӯҳбатҳо гузаронида шуданд.

 

Дар баробари ин, бо вазъи муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва маориф шинос шуда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҳалталаб шахсони мутасаддиро вазифадор намуданд.