Ҳамасола санаи 26-уми июн, ҳамчун “Рузи байналмилалии мубориза бар зидди суиистеъмоли маводи нашъадор ва муомилоти ғайриқонунии онҳо” дар саросари олам қайд карда мешавад.
Бахшида ба ин рӯз, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумњурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва бо дастгирии молиявии шарикони рушд, аз санаи 2-юм то 26-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Хоруғи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Кӯлоб ва Бохтари вилояти Хатлон, Хуҷанди вилояти Суғд, Турсунзода силсилачорабиниҳои пешгирикунандаи нашъамандии маърифатию фарҳангӣ ва варзиширо таҳти унвони “Корвони зиддимухаддиротӣ–2023” баргузор намуд.
“Корвони зиддимухаддиротӣ–2023” чун солҳои қаблӣ аз маҷмӯи чорабиниҳо аз қабили футбол, волейбол, тенниси рӯи миз, гӯштини тарзи озод, таеквандо ва баргузории дигар чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ дар майдончаҳои варзишии навбунёди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ роҳандозӣ карда шуда, ғолибони он бо туҳфаҳои арзишманд ва хотиравӣ аз номи роҳбарияти Агентӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
Ҷамъбасти чорабинии мазкур 26 июни соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Майдони 800-солагии Москва”-и шаҳри Душанбе бо ҷалби доираи васеъи қишрҳои иҷтимоии аҳолӣ дар фазои тантанавӣ баргузор карда шуд, ки дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилотҳои хориҷӣ ва ҷамъиятӣ, олимон ва муҳаққиқони ҷавон аз муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии пойтахт, варзишгарони касбӣ ва ғайрикасбӣ, ҳамчунин меҳмонон ва сокинони шаҳр иштирок намуданд.
Баъд аз сароидани суруди миллӣ аз ҷониби иштироккунандагон ва Оркестри ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода чорабиниро оғоз карда, иброз намуданд, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Агентӣ ва дигар мақомоти дахлдор фаъолияти оштинопазири худро бар зидди қочоқ, интиқол ва пањншавии маводи мухаддир, бахусус суиистеъмоли онҳо ба роҳ монда, пайваста дар ин самт тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамояд.
Сипас, Муовини Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш, муовини Раиси шаҳри Душанбе, Сафири ИМА дар Тоҷикистон, Иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе ва дигар шахсони даъватшуда баромад намуда, оид ба оқибатҳои зиёновари маводи нашаъовар ва роҳҳои пешгирии он изҳори андеша намуда, њамкории судманди дастаљамъонаи нињодњои масъули давлатӣ ва ҷомеаи шаҳвандиро гарави асосии коҳиш додани сатҳи талабот ба ин мавод арзёбӣ намуданд.
Бояд қайд намуд, ки рӯзи 25 -уми июни соли ҷорӣ, бахшида ба санаи мазкур ва таҷлили Рузи Ваҳдати миллӣ, дар байни ҷавонон ва варзишгарони муасиссаҳои варзишӣ мусобиқа дар риштаи Таеквандо ИТФ оғоз гардида буд, ки дар ин мусобиқа зиёда аз 100 нафар варзишгарон иштирок намуданд.
Ҳамчунин, дар доираи чорабинии мазкур озмуни “Расми беҳтарин” байни донишҷӯёни Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ ба номи Мирзораҳмат Олимов» баргузор карда шуд, ки беҳтаринҳо дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ ва дар фазои тантанавии имрӯза бо диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии роҳбарияти Агентӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳои мазкур ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба мушкилоти нашъа ва нашъамандӣ, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба оқибати фоҷеабори суиистеъмоли он мебошад.
Кормандони Агентӣ дар доираи лоиҳаи “Корвони зиддимухаддиротӣ”, ният доранд дар оянда низ, баҳри иҷрои чунин корҳои хайру муҳим сафарбар гардида, дар бунёди ҷомеаи солиму озод аз хатари нашъамандӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Дар бахши фарҳангию фароғатии чорабинии мазкур намоишномаҳои театрӣ ва барномаҳои консертӣ намоиш дода шуданд, ки ба иштирокчиён руҳу илҳоми тоза бахшиданд.