Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Ифтитоҳи Корхонаи маъдантозакунии ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” дар ноҳияи Айнӣ

5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Сафари кории Сарвари давлат аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид.

Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Дуобаи шарқии ноҳияи Айнӣ ба фаъолияти корхонаи маъдантозакунии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ” оғоз бахшиданд.

Маросими ба кор андохтани корхонаи мазкур ба таври маҷозӣ сурат гирифт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ тугмаи рамзиро пахш карда, корхонаи маъдантозакуниро ифтитоҳ намуданд ва тавассути монитор бо раванди истеҳсолот шинос шуданд.

Корхона дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бунёд шудааст.

Масоҳати умумии корхонаи истихроҷ ва истеҳсоли маъдани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” 1200 гектарро ташкил медиҳад.

Истихроҷи маъдан дар корхона аз ду кон – “Кумарғи боло” ва “Дуобаи Шарқӣ” сурат мегирад.

Кони “Кумарғи боло” қариб 4 ҳазор метр ва “Дуобаи шарқӣ” дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад.

Барои истихроҷ ва коркарди маъдан раванди мукаммали гидрометаллургӣ ҷорӣ буда, технологияи муосири рехтагарии автоматикӣ, ки истеҳсоли ширкатҳои бонуфӯзи аврупо мебошад, васлу насб карда шудааст. Раванди истихроҷ ва коркарди маъдан дар корхона бо камераҳои мушоҳидавӣ пурра назорат карда мешавад.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори корхонаи нав дар як сол ба коркарди 900 ҳазор тонна маъдан баробар мебошад. Раванди истеҳсоли маъдан дар 4 марҳила – истихроҷ, майдакунӣ, обшӯкунӣ ва ҷудокунӣ сурат мегирад. Намуди истихроҷи ашёи хом дар кони “Кумарғи Боло” рӯизаминӣ ва дар “Дуобаи Шарқӣ” зеризаминӣ мебошад. Дар кони “Дуобаи Шарқӣ”, ки аз 7 нақб иборат аст, бунёди роҳ, васлу насби таҷҳизоти барқӣ, хобгоҳ барои кормандон ва дигар инфрасохтори ёрирасон пурра ба анҷом расонида шуда, кандани нақб идома дорад.

Дар корхона 140 нафар, аз ҷумла 100 сокини маҳаллӣ ва 40 шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин мебошанд. Бо пурра фаъолият намудани корхона барои зиëда аз 500 нафар ҷойи корӣ таъсис меёбад. Аз рӯи нақша дар ин мавзеъ оянда коргоҳи холисгардони тилло ва нуқра бунёд карда мешавад.

Мавзеи Дуобаи Шарқӣ дорои манзара, гулу гиёҳҳои шифобахш ва канданиҳои фоиданоки зиёд мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кормандони ширкати “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” истифодаи самараноки канданиҳои фоиданок ва риояи талаботи истихроҷ ва коркарди маъданро талаб намуда, таъкид карданд, ки дар сурати пурра риоя нагардидани талабот расидан ба ҳадафҳои дарпешгузошта душвор мегардад.

Барои беҳдошти вазъи экологӣ дар мавзеъ иншооти ҳифзи муҳити зист бунёд карда шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба низоми кор, ҷараёни истихроҷ ва коркарди маъдан дар корхонаи маъдантозакунии ширкати “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” баҳои баланд доданд.

Бояд гуфт, ки бунёди чунин корхонаи азими истеҳсолӣ дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат қадами устувор мебошад.