Санаи 12 уми июли соли 2023 ҳайати Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо (ММҲИОМ) таҳти роҳбарии Директори он, ҷаноби Язлиев А.О. ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Директори Агентӣ, генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода ҳайати меҳмононро хайрамақдам гуфта, баъд аз шиносоӣ оид ба сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои кишвар дар самти назорати маводи нашъаовар маълумот пешниҳод намуданд.
Ҳамчунин, навор оид ба фаъолияти Агентӣ ва дастовардҳои он дар давоми 24 сол ба меҳмонон манзур карда шуд, ки баъд аз тамошои он ҷаноби Язлиев А.О. ба фаъолияти Агентӣ баҳои баланд дода, аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди Агентӣ ва ММҲИОМ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо як қатор масъалаҳои мубрами вазъи маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақа, ҳамчунин масъалаҳои муҳими фаъолияти Марказ, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, пешгирӣ аз истеъмоли маводи нашъадорро мавриди баррасӣ ва муҳокимаи амиқ қарор дода, ҳамчунин оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи минбаъда суҳбатҳои муфид анҷом доданд.
Барномаи сафари ҳайати ММҲИОМ ба Тоҷикистон, инчунин вохӯриҳоро бо роҳбарияти вазоратҳои корҳои дохилӣ ва хориҷӣ, Дафтари намояндагии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон, дар бар мегирад.