14 июли соли ҷорӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор таҳти раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода баргузор гардид, ки дар он як қатор масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ҷаласа муовини раиси Шӯро – Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода, аъзоёни Шуро – намояндагони раёсатҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, инчунин аъзои котиботи Шӯро ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Ҷаласаро раиси Шӯро – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён М.А. оғоз намуда, доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бандҳои қарори Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор ва роҳҳои таъмини иҷрои “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва “Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2021-2025”, суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласа ҳисоботи муовинони раисони шаҳри Душанбе ва ВМКБ дар хусуси таъмини иљрои талаботи “Стратегияи миллї оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, шунида шуд.
Ҳамчунин, оид ба «Татбиқи муқаррароти Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар самти пешгирии нашъамандӣ дар байни ноболиғон», муовини Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ ахборот манзур намуд.
Дар натиҷаи муҳокимаи масъалаҳои дар рӯзнома пешбинигардида, ба вазорату идораҳои дахлдор тавсияҳо дода шуд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ таъмин ва иҷро намудани талаботҳои “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводҳои нашъаовар, назорати қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, инчунин пешгирии нашъамандӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар коҳиши сатҳи нашъамандӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Ҳамзамон, доир ба масъалаҳои муҳокимагардидаи рӯзнома ва фаъолияти минбаъдаи Шӯро қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Шуъбаи равобит бо ҷомеаи Ситоди Агентӣ