Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023

Санаи 2-юми августи соли 2023, дар бинои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Нишасти матбуотиро Директори Агентӣ, генерал – майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода оғоз намуда, оид ба  таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ, ҳамзамон оид ба иҷрои як қатор корҳо дар нимсолаи якуми соли 2023 маълумот манзур намуд.

Зимни баромади худ Директори Агентӣ қайд намуд, ки Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 аз муомилоти ғайриқонунӣ 366 кг 785 гр (2022-251 кг 829 гр) маводи нашъаовар мусодира гардид, ки дар маҷмӯъ нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 – 114 кг 956 гр ё 45,6 фоиз зиёд мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки мусодираи маводи нашъаовар, аз ҷумла афюн – 50,3 фоиз, ҳашиш – 15 фоиз, бангдона – 51 маротиба, моддаҳои психотропӣ дар намуди хока 4,4 ва ҳабҳои синтетикӣ 2,8 маротиба афзоиш ёфтааст.

Дар  ин давра аз ҷониби Агентӣ 69 (2022 – 82) ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар ошкор карда шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 – 15,9 фоиз (13 ҷиноят) кам мебошад.

Аз ҷониби муфаттишони Агентӣ 122 (2022 – 155) парвандаи ҷиноятиро ба пешбурд қабул намуда, 81 (2022 – 111) парвандаи ҷиноятиро оғоз кардаанд.

Аз инҳо 42 парвандаи ҷиноятӣ (2022 – 60)  нисбати 66 нафар (2022 – 87)  ба судҳо ирсол гардида, дар ин робита ба молу мулки ҷинояткорон ба маблағи 309 300 сомонӣ ҳабс гузошта шудааст.

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ, аз ҷониби кормандони Агентӣ 143 (2022 – 161) ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор ва дар ин робита 151 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Ҳамзамон, фаъолияти 24 гурӯҳи ҷиноятӣ (2022 – 26) дар ҳайати 47 нафар (2022 – 47), ҳамчунин 1 гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша ошкор ва қатъ карда шуд.

Дар ин давра, 7 шахси дар кофтукови ҷиноятӣ қарордошта дастгир карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 нафар зиёд мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар нимсолаи якуми соли 2023 дар ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 т 476 кг 967 гр маводи нашъаовар мусодира карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022 (2 т 578 кг 145 гр) 4 фоиз ё 101 кг 178 гр кам мебошад. Аз ҳамин ҳисоб ба Вазорати корҳои дохили – 1 т 322 кг 25 гр (2022 – 1 т 8 кг 515 гр), Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (дар якҷоягӣ бо ҚС) – 782 кг 686 гр (2022 – 1 т 289 кг 588 гр), Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия  5 кг 434 гр (2022 – 4 кг 447 гр) ва Хадамоти гумрук 37 гр (2022 – 23 кг 766 гр) – рост меояд.

Мутобиқи маълумотҳои оморӣ дар нимсолаи аввали соли 2023 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар 11 612 (2022 – 12 482) ҷиноятҳои умумӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 391 (2022 – 384) ҷиноят вобаста ба маводи нашъадор мебошад, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, 7 ҷиноят ё 1,8 фоиз зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамин тавр, аз шумораи ҷиноятҳои умумии дар ҷумҳурӣ бақайдгирифташуда ҳиссаи ҷиноятҳои мухаддиротӣ 3,4 фоизро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ аз ҷониби Агентӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар байни қишрҳои гуногуни аҳолии кишвар вохӯрию мулоқотҳо, семинарҳои омӯзишӣ, мизҳои мудаввар, чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ташкил ва баргузор карда шуданд.

Тавассути воситаҳои ахбори оммаи кишвар дар шабакаҳои телевизионӣ, радио, мақолаву гузориш дар матбуоти даврӣ ташкил ва аз натиҷаи чорабиниҳо дар сомонаи Агентӣ  маълумотҳо ҷойгир карда шуданд, ки минбаъд аз онҳо дигар сомонаҳои хабарӣ низ истифода бурдаанд.

Тибқи омори расмӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 дар ҷумҳурӣ 4183 нафар нашъаманд дар қайд мебошанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 (4437 нафар) 254 нафар ё 5,7 фоиз коҳиш ёфтааст.

Аз теъдоди умумии беморони нашъаманд 103 (2022 – 100) нафарро занҳо ташкил медиҳанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 нафар зиёд гардидааст.

Айни замон дар Тоҷикистон ба 100 ҳазор аҳолӣ 41,8 нашъаманд рост меояд.