15 август дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Майдони ромишгарон”-ро бо муҷассамаҳои арбобони санъат ифтитоҳ намуданд.
Ба хотири гиромидошти хотираи неки шахсони барӯманди соҳаи фарҳанг ва санъати тоҷик дар даромадгоҳи асосии ноҳияи Дарвоз бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайкараҳои ҳунарманди халқии Тоҷикистон, арбоби санъати тоҷик – Акашариф Ҷураев, ромишгари классики тоҷику форс – Борбади Марвазӣ ва ҳунарманди халқии Тоҷикистон – Абдулло Назрӣ қомат афрохтааст.
Муҷассамаи ин чеҳраҳои мондагор бо саҳми соҳибкорони ватанӣ аз тарафи ҳайкалтарошони мумтози тоҷик бо санъати баланди наққошӣ сохта шудааст.
Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Дарвоз даҳҳо нафар нобиғаҳо, шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанг ба камол расида, дар рушду пешрафти Тоҷикистон нақши босазо гузоштаанд.
Акашариф Ҷӯраев ва Абдулло Назрӣ аз зумраи шахсиятҳое мебошанд, ки мактаби касбии онҳоро имрӯз фарзандону пайравонашон идома медиҳанд. Акашариф Ҷӯраев давомдиҳандаи анъанаҳои санъати мусиқии халқи тоҷик буда, суруду таронаҳои эҷодкардааш мондагору вирди забонҳост.
Борбади Марвазӣ аз ҷумлаи маъруфтарин чеҳраи ҳунари безаволи тоҷик аст, ки ӯро шоҳи ромишгарон унвон додаанд.
Дар ҳамин ҷо бо иштироки фарзандону пайравони Акашариф Ҷӯраев, Абдулло Назрӣ ва аҳли санъату ҳунари ноҳия барномаи рангини фарҳангӣ аз эҷодиёти ин чеҳраҳои дурахшони санъати асили мусиқии тоҷик пешниҳод карда шуд.
Қомат афрохтани пайкараи чеҳраҳои тобноки санъату фарҳанги тоҷик дар заминаи сиёсати фарҳандӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, барои гиромидошти шахсияти онҳо мусоидат мекунад.