Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Ба ифтихори Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Љумњурии Тољикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор карда шуд, ки дар он роҳбарият, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати шахсии ва собиқадорони Агентӣ иштирок намуданд.

Баъд аз ворид намудани парчами давлатӣ ва садо додани суруди миллӣ, чорабиниро Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Љумњурии Тољикистон генерал-майори  адлия  Ҳабибулло Воҳидзода оғоз намуда, ҳозиринро ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллиамон 32- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, қайд намуданд, ки аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, орзуҳои наҷиби тулонии халқи шарифамон амалӣ гардида, милати  тоҷик ба дастовардҳои бузурги сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шуд.

Ҳамзамон, иброз намуданд, ки Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Љумњурии Тољикистон бевосита бо ташаббуси Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, ҳамчун зодаи даврони истиқлол ба як маќомоти махсуси пуриќтидор ва тавонои њифзи њуќуќ табдил ёфта, тавонист, ки дар таъмини амният ва сулҳу суботи кишвар,  ба хусус дар мубориза бо муомилоти ѓайриќонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣсаҳми босазои хешро гузорад.

Ҳамчунин, дар ҷаласаи мазкур кормандон ва собиқадорони Агентӣ ба ифтихори ин ҷашни муқаддас суханронӣнамуда, аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубабон ва талошҳову тадбирҳои созандаи Сарвари давлатамон ёдовар гардиданд.

Дар фарҷоми ҷаласа кормандоне, ки дар фаъолияти хизматӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд, бо мукофотҳои давлатӣ, соҳавӣ ва рутбаҳои навбатии хизматӣ қадрдонӣ карда шуданд.