Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

КУМАКИ НАВБАТӢ БА АГЕНТӢ

Дар доираи баланд бардоштани иқтидори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  12 сентябри  соли 2023, аз ҷониби Дафтари барномавии Намояндагии минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ ва бо дастгирии молиявии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентӣ як қатор таҷҳизот ва техникаҳои муосир, аз қабили хроматограф, компютер, принтер, ноутбук, проектор ва дигар таҷҳизоти техникӣ ба маблағӣ умумии 143 ҳазор доллари ИМА кӯмак расонида шуд.

Пас аз анҷоми маросими супоридани таҷҳизотҳои зикршуда Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода аз сатҳи хуби ҳамкориҳои судманди Агентӣ ва Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар самти назорат ва  пешгирии нашъамандӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҳайати меҳмонон тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаро муҳим арзёбӣ намуданд, ҳамчунин бо истифода аз таҷҳизоти тақдимгардида баргузор намудани тренингҳоро барои кормандони ҷавон дар раёсату шуъбаҳои минтақавии Агентӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ҷонибҳо изҳор намуданд, ки барои рушд ёфтани ҳамкории эътимоднок ва судманд дар самти назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар оянда низ тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.