Аз 19 то 21 сентябри 2023 дар шаҳри Сент Ҷеймси Ямайка 37-умин Конфроси байналмилалии мубориза бо маводи мухаддир (IDEK XXXVII) бо иштироки намояндагони 138 давлати ҷаҳон ва як қатор созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ баргузор гардид.
Дар конфронси мазкур Тоҷикистонро Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал–майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода муаррифӣ намуд.
Зимни ширкат дар конфронс Директори Агентӣдар байни намояндагони ҳайати давлатҳои Шарқи Наздик оид ба вазъи маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирҳои андешидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат, мушкилоти қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ва таҳдиду хатарҳои он баромад карда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҳалли масъалаҳои қочоқ ва мушкилоти мубориза бо маводи мухаддир ҷалб намуданд.
Ҳамчунин, дар доираи сафари кории худ ва чорчӯбаи конфронси мазкур, бо мақсади рушду тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд Директори Агентӣ бо намояндагони масъули Агентии мубориза бо маводи нашъаовари Вазорати адлияи ИМА (DEA) ва роҳбарони ҳайатҳои мақомотҳои зиддимухаддиротии давлатҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Давлати Қатар ва Кореяи Ҷанубӣ вохӯриҳои корӣ доир намуданд.
Дар рафти вохӯрҳо Директори Агентӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаро бо ин кишварҳо тавассути ба имзорасонии санадҳои нави ҳамкорӣ ва дар заминаи онҳоҷалб намудани кумакҳои молиявӣ ва моддӣ-техникиро барои баланд бардоштани иқтидори Агентӣ ва таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.