Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Иштироки Директори Агентӣ дар таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон дар ноҳияи Варзоб

5 октябри соли 2023 ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон дар Қасри фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори адлия, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба амалӣ намудани Нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб Ҳабибулло Воҳидзода, раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав, омӯзгорон ва фаъолони ноҳия баргузор карда шуд.

Директори Агентӣ Ҳабибулло Воҳидзода бо сухани ифтитоҳӣ ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати “Рӯзи забони давлатӣ” ва “Рӯзи омӯзгорон” аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфт.

Директори Агентӣ қайд намуд, ки забони тоҷикӣ арзиши бузурги миллӣ, пояи давлатдорӣ, нишонаи равшани истиқлоли сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, василаи маҳфуз доштани мероси гаронбаҳои маънавии беш аз ҳазорсолаи халқи тоҷик мебошад. Забон дар таърихи тӯлонӣ дар муборизаҳо бо аҷнабиён ҳамеша муттаҳидгари халқи тоҷик буд ва дар он ҳофизаи халқ, ҷаҳони маънавӣ, меъёрҳои ахлоқии халқи тоҷик нигоҳ дошта шудааст.

Инчунин, махсусан қайд намуданд, ки дар ин замина Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз ҳар каси дигар дар ғами тозагии забон аз минбарҳои баланд суханрониҳо намуда, ҳаммиллатонро ба омӯзиши пайвастаи забон ва устуворию пояндагии он даъват карда ба бузургиву азамати забони модарӣ арҷ гузошт.

Дар идомаи ҷамъомад ба фаъолон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия, ки саҳмашон дар таълиму тарбияи ҷавонон ва омода кардани онҳо ҷиҳати иштирок дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ назарас мебошад, ифтихорномаҳои мақомоти иҷроҳияи ҳокимияти давлатии ноҳия Варзоб супорида шуданд.

Дар фарҷом аз ҷониби аҳли фарҳанг ва хонандагони муассисаҳои таълими ноҳия барномаи фарҳангӣ бо қироати шеъру суруд дар васфи забон ва омӯзгор дар сатҳи баланд баргузор гардид.