Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

САФАРИ КОРИИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТӢ ВОҲИДЗОДА ҲАБИБУЛЛО БА НОҲИЯИ ВАРЗОБ

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии кишвар  ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, омодагии соаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ ба зимистонгузаронӣ ва бартараф кардани камбудию норасоиҳои ҷойдошта дар маҳалҳо Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори адлия, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба амалӣ намудани Нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб Ҳабибулло Воҳидзода аз 2 то 6-уми октябри соли 2023 ба ноҳияи Варзоб сафари корӣ анҷом дод.

Сафари кории Директори Агентӣ Воҳидзода Ҳабибулло  санаи 2-юми октябри соли 2023 аз баргузории  ҷаласаи Ситоди ноҳиявӣ дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ҷиҳати таъмини иҷроии саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла талаботи барқияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми сентябри соли 2023, №24/10-32 оғоз гардид.

Дар Ситоди мазкур Раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ, муовинони раиси ноҳия, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, сардорони раёсату шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, вакилони халқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта иштирок намуданд.

Сипас роҳбари гуруҳи корӣ Воҳидзода Ҳабибулло вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Инчунин, дар доираи сафари мазкур рафти корҳои сохтмонии биноҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи идораи замини ноҳияи Варзоб ва дигар иншоот, ки сохтмони онҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ба нақша гирифта шудаанд, дидан намуда, ба масъулини соҳа барои ҳарчӣ зудтар ба истифода додан ва бо сифат сохтани биноҳои болозикр маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.

Ҳамзамон, аз рафти корҳои сохтмонӣ, фаъолияти корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, дар кадом ҳолат қарор доштани муассисаҳои маориф ва тандурустӣ, маркази инкишофи кӯдакон ва дигар иншоотҳои ҷашнӣ аз деҳотҳои дурдасти ноҳияи Варзоб боздид ба амал оварда шуд.

Инчунин, дар доираи сафари корӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, ҷамъоварии ҳосил, омодагӣ ба кишту кори тирамоҳӣ ва умуман, истифодаи самараноки замин аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сокинон, Директори Агентӣ аз ҷараёни ҷамъоварии картошка ва дигар зироатҳо дар мавзеҳои дурдасти ҷамоатҳои  деҳотҳои Зиддеҳ, Деҳмалик ва дигар ҷамоатҳои ноҳияи Варзоб дидан намуда, бо сокинони ин ҷамоатҳо вобаста ба ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, пешгирии зиёдаравию исрофкорӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ободониву бунёдкорӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, махсусан заминҳои наздиҳавлигию хоҷагиҳои ёрирасон ва дар ҳар як оила захира намудани маводи ғизоӣ барои на камтар аз 2 сол сӯҳбатҳо гузаронида шуданд.

Аз ҷумла таъкид карданд, ки вусъати корҳои ободонию созандагӣ, фаъолияти корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, омодагии аҳолӣ ба мавсими зимистон, самараноку оқилона истифода бурдани нерӯи барқ дар мавсими зимистон ва пардохти саривақтии истифодаи он, дар самти болоравии нархи маводи ғизоӣ, самаранок истифода бурдани қитъаҳои замин, кишти зироатҳои кишоварзӣ ва дар ҳар як оила захира намудани маводҳои ғизоӣ барои на камтар аз ду сол, расонидани кумакҳо ба оилаҳои камбизоат ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ба самъи сокинон расонида шуд.

Дар оғози сафари корӣ бо дастури  роҳбари гурӯҳи корӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб Воҳидзода Ҳабибулло дар Ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот ташкил карда шуд, ки дар он дар якҷоягӣ бо Раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ ва дигар шахсони муттасадӣ иштирок намуда, ба сокинони деҳаҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Чорбоғ оид ба масъалаҳои мубрами рӯз суҳбат намуданд ва ба онҳо маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.