Нимаи дуюми рӯзи 20 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ пойгоҳи обкашӣ воқеъ дар деҳаи Тосқалъаи Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиевро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории бонки умумиҷахонӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.
Дар расми ифтитоҳи иншоот аз рӯи лоиҳаҳо ва тариқи монитор намоиш додани лавҳаҳои видеоӣ ба роҳбари давлат доир ба сифати корҳои анҷомдодашуда ва иқтидори фаъолиятии пойгоҳи насосӣ ва обанборҳо маълумот дода шуд.
Бояд қайд намуд, ки бо мақсади таъмин намудани сокинони деҳаҳои Тосқалъаи поён ва боло, Гулдара, Арал, Заркамар, Зардолубоғ, Ҳулбек ва деҳаи ба номи Элмурод Хочаев дар маҷмӯъ 40 деҳа ва 155 ҳазор аҳолӣ бо оби нушокӣ 5 пойгоҳи обкашӣ бунёд гардида, бо таҷҳизотҳои технологияи муосир муҷҷаҳаз гардонида шудааст.
Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд доданд.
Фармоишгари сохтмони иншооти мазкур Маркази идораи “Лоиҳаи рушди инфрасохтори махаллӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Корҳои сохтмонии обанборҳои зеризаминӣ ва ҳавзҳои танзими обтаъминкунии Пойгоҳи насосии “Тосқалъа” аз ҷониби пудратчии ҶДММ “Приоритет” бо сифати баланд анҷом дода шудааст.
Ҳамчунин саҳни бино бо шинонидани дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулҳои гуногуни мавсимӣ оро ёфтааст. Роҳравҳои иншооти мазкур пурра таъмир гардида, атрофи муассиса чароғон карда шудааст.
Тадбири мазкур дар доираи эълони солҳои “2018-2028 даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” амалӣ гардида, барои сокинони маҳаллӣ дастоварди муҳим ба ҳисоб меравад, зеро бо мавриди истифода қарор додани иншооти мазкур мушкилоти чандинсолаи сокинон бартараф гардид.