Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Ба истифода додани корхонаи нави истеҳсолии “Фабрикаи қаннодии Амирӣ” дар шаҳри Душанбе ва боздид аз намоиши маҳсулоти корхона

31 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат корхонаи нави истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фабрикаи қаннодии Амирӣ”-ро ифтитоҳ карданд.

Иншоот дар маҳаллаи “Деҳқонобод-2”-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар масоҳати 5 гектар бунëд шуда, аз калонтарин корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ дар ҷумҳурӣ маҳсуб меëбад.

Иқтидори истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фабрикаи қаннодии Амирӣ” дар як сол 27 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Бо чунин иқтидор корхона метавонад 35 фоизи талаботи бозори дохилиро бо маҳсулоти қаннодӣ таъмин намояд.

Барои интиқоли маҳсулот ба дукону мағоза ва бозорҳо 15 нақлиëти махсуси боркашонӣ харидорӣ шудааст. Корхона дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ дорои анборҳо ва воситаҳои нақлиëти махсус мебошад.

Маҳсулоти корхона асосан дар дохили ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад ва аз рӯйи нақша, дар оянда бояд содирот карда шавад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар корхона барои 1000 нафар ҷойи корӣ ташкил ëфтааст. Ҳоло 700 нафар сокини маҳаллӣ ба таври доимӣ кор мекунанд ва бо маоши хуб таъмин мебошанд.

Таҷҳизоти васлу насбшуда навтарин буда, аз кишварҳои Дания, Австрия, Ҳолланд, Олмон ва Италия ворид гардидааст. Маврид ба таъкид аст, ки чунин технология ба Осиëи Марказӣ бори аввал оварда шудааст.

Корхона дорои ошхона бо 130 ҷойи нишаст ва бунгоҳи тиббии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти ташхисию табобатӣ мебошад. Бинои маъмурии корхона, ки аз 20 ҳуҷра иборат аст, бо таҷҳизоти зарурии замонавӣ таъмин аст. Ҳудуди иншоот, аз ҷумла раванди истеҳсолот тавассути камераҳои мушоҳидавӣ пурра назорат карда мешавад.

Корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе ба хотири истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Акмал Ҳомидов бунëд карда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори маҳаллӣ барои бунëди чунин корхонаи калони истеҳсолӣ ва саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – Саноатикунонии босуръати кишвар изҳори сипос намуданд.

Сипас, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фабрикаи қаннодии Амирӣ” дидан намуданд.

Дар растаҳои алоҳида намунаи маҳсулоти истеҳсолгардида ба намоиш гузошта шуд, ки бозгӯи фаъолияти пурсамари мутахассисону кормандони корхона мебошад.

Маврид ба таъкид аст, ки “Фабрикаи қаннодии Амирӣ” аз соли 2010 фаъолият мекунад ва маҳсулоти корхона дар бозор рақобатпазир буда, талабгори зиëд дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар корхонаи мазкур 135 номгӯи маҳсулот дар бастаҳои гуногун истеҳсол карда мешавад.

Айни замон дар шаҳри Душанбе 45 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ фаъолият мекунад.

Дар 9 моҳи соли 2023 дар шаҳри Душанбе 12,6 ҳазор тонна маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол карда шудааст, ки 68,6%-и маҳсулоти қаннодии ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини сифат ва рақобатпазирии маҳсулот, инчунин ба роҳ мондани содироти он ба кишварҳои хориҷ ба масъулон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.