Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ҷиҳати амалишавии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистондар якҷоягӣбо Раёсати кор бо ҷавононва варзиши шаҳри Душанбе ва Федератсияи волейболи Тоҷикистон, бахшида ба  Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мусобиқаи кушоди  варзишї аз намуди волейбол байни ҷавонписаронро барои дарёфти “Ҷоми Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, таҳти шиори  “Бо ҳам бар зидди маводи нашъаовар мубориза мебарем” ташкил ва баргузор менамояд.

Бо қабули Конститутсия, ҷумҳурии соҳибистиқлоламон таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва кулли  паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба якқатор пешравиҳои бузург ноил гардид.

Қобили қайд аст, ки эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия ва талаботи қонун, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ нишонаи беҳтарини ҷомеаи соҳибфарҳангу масъулиятшинос мебошад.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии  мазкур, баланд бардоштани маълумотнокии наврасону ҷавонон, ҷалби наврасону ҷавононба варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад.

Чорабинии мазкур аз 31 октябр то 4 ноябри соли ҷорӣ идома ёфта ғолибони мусобиқа бо медал ва тӯҳфаҳои арзишманд сарфароз мегарданд.