Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Дар Агентӣ Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид

Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабиниро Директори Агентӣ генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода оғоз намуда, ҳайати шахсии Агентиро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, қайд намуд, ки маҳз қабули он бо ҷонибдории аксари шаҳрвандони кишвар рушди давлати моро таъмин намуд.

Бо қабули Конститутсия, ҷумҳурии соҳибистиқлоламон таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва кулли паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба як қатор пешравиҳои бузург ноил гардид.

Дар чорабинии мазкур инчунин, кормандони Агентӣ оид ба заминаҳои қабули Конститутсия, амали мустақими меъёрҳои он ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он, баромад намуданд.

Қобили қайд аст, ки эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия ва талаботи қонун, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ нишонаи беҳтарини ҷомеаи соҳибфарҳангу масъулиятшинос мебошад.