Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Мусобиқаи варзишии волейбол барои дарёфти “Ҷоми Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷамъбаст гардид.

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ҷиҳати амалишавии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2021-2025, Агентӣ дар якҷоягӣбо Раёсати кор бо ҷавононва варзиши шаҳри Душанбе ва Федератсияи волейболи Тоҷикистон, бахшида ба 6 ноябр – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусобиқаи кушоди варзишї аз намуди волейбол байни ҷавонписаронро барои дарёфти “Ҷоми Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, зери унвони “Зодагони истиқлол зидди маводи нашъадор! ”, таҳти шиори “Бо ҳам бар зидди маводи нашъадор мубориза мебарем”, ки аз санаи 31 октябр то 4 ноябри соли 2023, баргузор намуд.
Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон, дастоварди бузургу нодир ва ифтихори миллати тоҷикбуда, маҳз бо шарофати таҳия ва қабули ин санади тақдирсоз роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид.
Бино ба гуфти сиёсатшиносони дохил ва хориҷи кишвар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи панҷ конститутсияи беҳтарини ҷаҳон эътироф гардидааст ва боиси ифтихори ҳар як фарди баору номуси меҳанаст, ки коршиносони сатҳи байналмилалӣ Конститутсияи кишвари моро аз ҷумлаи демократитарин конститутсияҳо арзёбӣ намудаанд. Зеро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он, баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқро эътироф мекунад.
Инчунин, қабули Конститутсия дар роҳи бунёд ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон, пайвастани он боҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳусубот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ гузошт.
Дар ин робита, Агентӣ ташаббускори як қатор силсила чорабиниҳои омӯзишӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзиширо дар байни тамоми қишрҳои ҷомеъа буда, баҳри огоҳ будани онҳо аз дарки хатари иллатҳои нашъамандӣ чорабинии навбатии варзиширо дар байни ҷавонписарон баргузор намуд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои пешгирикунандаи зиддинашъамандӣ, ки мунтазам аз тарафи Агентӣ дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор бо сокинони кишвар баргузор мегарданд, наврасону ҷавонони мамлакат аллакай аз зарар ва оқибатҳои фоҷиабори нашъамандиву нашъаҷалобӣ огоҳӣ доранд.
Дар чорабинии мазкур беҳтаринҳо соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур боз ҳам баланд бардоштани маълумотнокии наврасону ҷавонон, коҳиши талабот, бедор намудани ҳисси бадбинӣ ба маводи нашъадор ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад.