Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Ба истифода додани маркази ташхису табобатии “Аксон”-и ҶДММ “Наргиз” дар шаҳри Хуҷанд

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Маркази ташхису табобатии “Аксон”-и ҶДММ “Наргиз”-ро  мавриди истифода қарор дода, бо шароити муосири хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.

Маркази ташхису табобатии “Аксон” дар бинои сеошёна дар ҳудуди беморхонаи клиникавии вилоятии ба номи Сангин Қутфиддинов баъди азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солгагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси лоиҳаи  шарикии давлатӣ ва бахши хусуси таъсис шудааст.

Дар ошёнаҳои якум ва дуюми бино қабулгоҳ, ҳуҷраи машваратии пеш аз бистарикунонӣ, толори ҷарроҳии эндовидеоӣ, толори ҷарроҳии лазерии рагҳои хунгарди пой, ҳуҷраи дандонпизишкӣ, ҳуҷраҳои бистарӣ бо 72 кат мавҷуд аст.

Дар ошёнаи сеюм маъмурияти маркази ташхисию табобати фаъолият мебарад. Дар таҳхонаи муассиса озмоишгоҳҳои клиникавию биохимиявӣ, шуъбаи физиотерапевтӣ, ҳуҷраҳои ташхисии сабти барқии дил, ултрасадо, колоноскопӣ ва ғайра амал мекунанд, ки бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мебошанд. Дар маҷмӯъ барои Маркази нави ташхисию табобатии «Аксон» ба маблағи 2 миллион сомонӣ таҷҳизоту лавозимоти замонавии ташхисию табобатӣ харидорӣ карда шудааст.

Дар ин муассисаи нави тиббии хусусӣ 50 нафар табибони соҳибтахассус ва кормандони миёнаи тиб ба шуғли доимӣ фаро гирифта шудаанд. Барои табобати амбулаторӣ ва беморони бистаришуда, дар марказ табибони ҷарроҳ, амрози дарунӣ, мутахассисони дилшинос ва равоншинос, табибони гушу гулӯ ва бинӣ, духтури амрози занона ва момологҳо, дандонпизишк ва мутахассисони   озмоишгоҳҳо фаъолият мекунанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар иншооти муосири тиббӣ иқдоми муассиси Маркази ташхису табобатии “Аксон” соҳибкор Рустам Усмоновро саҳмгузорӣ дар рушду баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ арзёбӣ доштанд ва кормандони марказро ҷиҳати истифодаи пурсамар аз ин шароит барои хизмати софдилона ба халқ ва муомилаю муоширати хуб бо беморон ҳидоят намуданд.